Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир ба натиҷаи фаъолияти донишкада дар давраи нимсолаи аввали солҳои 2021-2022 нишасти матбуотӣ барпо гардид. Дар он хабарнигорон аз нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Омӯзгор”, “Илм ва ҳаёт”, радиои “Овози тоҷик”, телевизионҳои “Душанбе” ва ”Баҳористон” ва шуъбаи матбуоти Вазорати фарҳанг фаъолона иштирок намуданд.
Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дар посух ба саволҳои хабарнигорон зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ як қатор дигаргуниҳои мусбат ба амал омаданд. Аз ҷумла дар зинаи бакалавриат 3 ихтисоси нав кушода шуда, дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ муваффақиятҳо ба даст омаданд. Омӯзгорони донишкада дар озмунҳои таҳияи рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ иштирок карда, ғолиб омадаанд.
Дар шуъбаи рӯзона ба даври фаъоли сессияи имтиҳонии зимистона ҳамаи донишҷӯён роҳ ёфта, аз ин теъдод 877 нафар (90 %) даври фаъоли сессияро бомувафақият ҷамъбаст намуданд, ки нисбат ба сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2020-2021 +16 % бештар аст. Инчунин дар ин давра шумораи аълохонҳо ба 47 нафар расид, ки ин нисбати соли гузашта 17 нафар зиёд мебошад. Дар шуъбаи тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ даври фаъоли сессияи имтиҳонии зимистона ҳоло ҳам идома дорад. Айни замон дар бахши магистратура 37 нафар магистрант таҳсил мекунад, ки аз ин 17 нафар дар курси 1-ум ва 20 нафар дар курси 2-юм мебошанд. Омӯзгорону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмию фарҳангӣ ва рӯзномаҳо зиёда аз 86 мақолаи илмию оммавӣ нашр карданд. Инчунин дар ин давом аз ҷониби омӯзгорони донишкада 9 дастури таълимӣ-методӣ, 5 китоб, 1 монография ва 16 барномаи таълимӣ ба чоп расонида шуд. Нияти деринаи роҳбарияти донишкада оид ба таъсиси як маҷаллаи илмӣ-эҷодӣ бо номи “Мусаввир” ҷомаи амал пӯшид ва ҳоло шумораи дуюми он дар дасти чоп қарор дорад.
Дар ин давра 29 дарси маҳорат, маҳфилҳо, намоишҳо ва конференсияҳо, аз ҷумла конференсияи илмию амалӣ зери унвони «30 – соли истиқлолият ва рушд», намоиши корҳои эљодии омӯзгорон, конференсияи илмӣ – назариявӣ зери унвони «Эҷодиёти Рассоми халқии Тољикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф» (моҳи майи соли 2021), намоиши асарҳои рассомони шањри Хуљанд таҳти унвони «Нигоҳ» бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 2021) гузаронида шуда, 5 нафар омӯзгори эҷодкори донишкада дар ду намоиши байналмилалӣ иштирок намуд.
Бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис ва ҳар сесола аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандон ва омӯзгорон моҳи январи соли ҷорӣ бори дуюм курси такмили ихтисос аз рӯи равияи “Санъати тасвирӣ” ва моҳи феврали соли ҷорӣ бори аввал аз рӯи равияи “Санъатшиносӣ” ташкил шуд. Раёсати донишкада мақсад дорад, ки минбаъд низ омӯзиши чунин курсҳоро зиёд намояд.
Дар назди факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ шуъбаи тайёрӣ, маркази бачагонаи рассомӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ амал мекунанд, ки мақсад аз фаъолияти онҳо омода шудан ба дохилшавии донишкада, баланд бардоштани сатҳи тайёрии наврасону ҷавонон аз рӯйи малакаю истеъдод ва майлу рағбат, зиёд гардонидани шавқу рағбати хонандагон ба санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад. Дар ин марказҳо таваҷҷуҳи зиёд ба омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва инкишофи анъанаҳои миллӣ, бедор кардани муҳаббат ба санъати тасвирӣ ва аз худ намудани асосҳои он, омодасозии рассомони касбӣ равона карда мешавад.
Раёсати донишкада бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 11 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, 2 академияи миллии дигар давлатҳо ва инчунин бо зиёда аз 50 ташкилотҳои дохилӣ равобити ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, дар соли 2021 созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати ба номи А.Д. Крячоваи шаҳри Новосибирск ФР баста шуд.
Дар ин давра 6 нафар кормандони донишкада бо медали “Аълочии фарҳанг”, 3 нафар бо Ифтихорномаи вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафари дигар бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир гуфта шуд, ки дар донишкада ба донишҷӯён беҳтарин рассомон, аз ҷумла Рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорону дотсентҳо бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълимӣ буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишкада асосан ба эҷод нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда шудаанд. Донишкада дорои синфхонаҳои муосири таълимӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, устохонаҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат омода карда мешавад.