Тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии намояндаи агентӣ подполковник  Ҷӯразода Д. Т. бо донишҷӯён ва ҳайати устодони донишкада баргузор гардид.

Намояндаи Агентӣ доир ба рафти иҷрои “Стратегияи давлатии мақовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030” ва марҳалаи якуми он солҳои 2021-2025 баромад карда, таъкид намуд, ки ҳар як муассисаи давлатӣ бояд дар асоси ин стратегия нақшаи чорабиниҳои ҳарсолаи худро дошта, аз рӯи он дар ҳамкорӣ бо Агентӣ амал кунад.

Вохӯриҳо бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва дигар муассисаҳои давлатии назоратию қудратӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои тарбиявиест, ки дар ДДСТДТ ба ҳукми анъана даромада, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои дохилидонишкадавӣ ҳамасола чандин бор дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои мазкур барпо мегарданд ва дар тарбияи ҳуқуқии донишҷӯёну дигар кормандони донишкада нақши муассир доранд.