Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт вохӯрии намояндагони мақомоти мазкур бо донишҷӯёну омӯзгорон барпо гардид.
Дар назди донишҷӯёну устодони донишкада муовини Раиси шаҳр Муинӣ М.М., сардори Раёсати тандурустӣ Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати фарҳанг Нуралӣ Шоев, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдуалим Норасов ва шоир Ворис Назарзода доир ба таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.
Вохӯрӣ пурмуҳтаво, диққатҷалбкунанда ва барои тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён хеле манфиатбахш гузашт.
Дар охир ҳарду ҷониб – муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. аз номи мақомоти иҷроияи шаҳр ва ректор Ҷамшед Ғанизода аз номи роҳбарияти донишкада барои дар сатҳи баланд ташкил кардану гузаронидани чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ ва ташаккур намуданд.