Субҳон Усмонов,

устоди Донишкадаи давлатии санъати

 тасвирӣ ва  дизайни Тоҷикистон, н.и.п., дотсент

     «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард»

Эмомалӣ Раҳмон,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани ватани аҷдодӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки хамеша диққати аҳли илму адаб ва ҷомеаро ба худ ҷалб мекунанд. Хусусан, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки мардуми Тоҷикистон онро дер  интизор буданд, баъди 8 даври гуфушунид (солҳои 1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин) дар шаҳри Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари  иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5-майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. Ин созишнома санади муҳими тақдирсози  миллати мо ба ҳисоб меравад.

Инак, аз рӯзи имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 25 сол сипарӣ мегардад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву  дилгармона дастгирӣ карданд. Маҳз  хиради азалии миллати бофарҳангӣ мо буд, ки  аз роҳи  бо зӯрӣ ҳал намудани мушкилиҳои сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллат пазируфтанд.  Ба даст овардани  ваҳдат кори осон набуд, барои ба ин мурод расидан заҳмат ва талошҳои зиёд ба харҷ дода шуданд, зеро он ягона воситаи наҷоти миллати тоҷик буд. Дар лаҳзаҳои бисёр ҳасос душманони миллати мо кӯшиш карданд, ки ҳастии миллати моро саркӯб кунанд, аммо ба мақсадҳои муғризонаи худ муваффақ нагаштанд.

Барои мо тоҷикон беҳтарин неъмат ин соҳиб шудан ба сулҳи деринтизор буд, ки хушбахтона насибамон гашт. Ҳамин тариқ, сулҳи Тоҷикистон сулҳи воқеӣ ва ҳақиқист, ки ба воситаи он ин миллати худшинос ба дарки ҳуввияти хеш расид.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа донистанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз  бо камоли ғайрату матонат азму  талош карда  истодаанд. Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ нақши муассир бозида, заминаҳои фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқамонро муайян намуда буд.

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавонад давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонад ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос  гузорад. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам буда, чун роҳнамо  моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ бо таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат накунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Вахдат — беҳтарин неъмат,  осудагии зиндагӣ, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷот ва  рушди миллат,  рушди ҷомеа  дар ҳар давру замон аст. Акнун бо ифтихор метавон гуфт, ки  иттифоқӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвари азизамон Тоҷикистон.

Танҳо бо роҳи ваҳдат мо метавонем истиқлоли кишварро муҳофизат намоем, ягонагию ҳамдилии  мардумро устувор гардонем, душвориҳою монеаҳоро паси сар карда,  рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ биорад, ватани  азизамон ба кишвари тараққикарда ва содироткунандаи маҳсулоти дохилии худ  табдил ёбад.

Дар ҷаҳони муосир нуфузи  Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, аъзои комилҳуқуқи бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ аст ва дар ҷаласаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ чор пешниҳоди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пазируфта шуданд. Хусусан дар масъалаҳои об ва экология. Аз ҷумла, бо пешниҳоди сарвари муаззами кишвар соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза», солҳои 2005- 2015 «Даҳсолаи байналхалқии об манбаи ҳаёт», соли 2013 «Ҳамкорӣ дар соҳаи об»  ва  солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор” қабул гардид. Алҳол дар рӯи замин тақрибан 9 миллиард одам ҳаёт ба cap мебарад, афзоиши солонаи он бошад 80 миллион нафарро ташкил медиҳад. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 12 миллиард расида, зимни ин афзоиши аҳолӣ асосан ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки аллакай аз норасоии об танқисӣ мекашанд, рост хоҳад омад. Дар баробари ин, ҳамасола талаботи аҳолии сайёра ба оби тоза ба қадри 64 миллион метри кубӣ меафзояд. Дар ин ҳолат то соли 2030 нисфи аҳолии ҷаҳон ба таҳдиди норасоии об дучор хоҳанд шуд.

Бо ҳамин хотир, рӯзҳои  6-9 июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро  барои иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об дар Тоҷикистон ва минтақа бештар намуд.

Аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ  рушд мекунад.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо  торафт таҳкиму густариш меёбад. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошанд, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо дӯст муяссар гардид.

Бинобар ин аҳли ҷомеаи имрӯзаи кишвари азизамон ва алалхусус мо омӯзгоронро лозим аст, ки ин неъмати бебахо ва муқаддас — ваҳдати миллиро дар шууру қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумӯи Ватани  маҳбубамон  Тоҷикистон  гузошта тавонанд.