16.11.2018. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Санаи ба истифода дода шудани чархи аввали НОБ-и Роғун” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Яъне қисмати фарҳангӣ хондани суруд дар васфи “Ватан” аз ҷониби коллеҷи мазкур суруда шуд. Инчунин кормандону омӯзгорони донишкада бо маърӯзаҳои худ баромад намуда ҳисси ватандустиро дар қалби чавонон боз ҳам ҳуввият доданд.