Сада охирин ҷашни мавсимии сол кабл аз Наврӯз аст ва онро мухаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Аҷдодонамон ин ҷашнро бошукӯҳу шаҳомат, суруру шодмонӣ баргузор менамуданд. Бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Он яке аз ҷашнхоест, ки то ба рӯзгори мо ба таври хамагонӣ такрибан боқӣ намондааст.
Таъкидҳои фарҳангдӯстонаи Сарвари давлат асос гузошт, ки ба ин ойини мардумӣ таваҷҷухи бештар зохир шавад, заминаи таърихӣ ва асосҳои миллию мардумии ин рукни фарҳанги ниёкон мавриди омӯзиш қарор гирад ва таҷлили он бо хусусиятхои хоси маҳалҳо бо шаклу шеваи зарурӣ доир гардад.
Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Мехргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷухи зиёд зохир мешавад. Дар даврони истиқдолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишхои фарҳангие, ки давоми асрхо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз кабили Наврӯз, Мехргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эхё гардиданд.
Сада рӯзи арчгузорй ва иззат ниходан ба гармӣ, нур, мехр ва рӯ овардан ба рӯшноист. Дар «Бурҳони котеъ» навишта шудааст: «Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи дахуми бахманмох (31 январ)-и ҳар сол баргузор мекунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд». Ин ном сарчашма аз шумораи 100 мегирад. Ба андешаи Абурайҳони Берунӣ, то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз бишмурдаанд. Мувофики сарчашмахои таърихӣ, сабаби Сада номгузорй шудани ин ҷашн низ дар хамин аст.
Устураи тачлили харсолаи ин ҷашн асотиру ривоятхои бисёр дорад ва мазмуни хамаи онхо ба он равона шудааст, ки дар гузашта ачдоди мо баъди ҷашни дарозтарин шаби сол, ки онро «Шаби Ялдо» меноманд, аз хисоби нучуми он охирин шаби тирамох ва аввалин шаби зимистон аст. Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он мераксиданду суруд мехонданд. Ҳатто баъзе кишоварзон субхи дигар аз хокистари ин гулхан бо худ мебурданд ва хамчун рамзи фаровонии хосил ба заминхои кишти худ мепошиданд.
Сада то хамлаи мугул ва ба сари кудрат омадани шохони бегонанажод дар дарбор ва байни халк чун ҷашнхои Наврӯзу Мехргон бо анъаноти деринаи ориёӣ тачлил мегардид.
Сада дар фарҳангу тамаддуни халки точик чойгохи хосса дорад. Мардум дар ин рӯз гулхан афрухта, аз болои он мечаҳанд. Бо ин васила гуё бори гунох, кина, хасаду дурӯғи худро сӯзонида, бо тани пок ба зиндагии нав ворид мегарданд.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи човидонагии Хуршед (офтоб) ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ҷашни Сада то хол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Вароруд онро бо номхои дигар чун: ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯзон» гаҷлил менамоянд. Нур ва оташ яке аз мукаддасоти мардумони ориёӣ аст.
Ҳоло аз баракати Истиклолияти кишвари азизамон ҷашни Сада сол то сол барқарор мешавад. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта хоҳад шуд. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо хохад гашт. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, хунармандон, масхарабозон, дорбозон, раккосон, пахлавонон, хар касе, ки хунаре барои намоиш додан дорад, хунарнамой хоханд кард.
Сада сад рах кушояд суйи Наврӯз
Ба руйи мо намояд руйи Наврӯз
Сано туям ба ин ҷашни ниёгон
Ки дар сармо расонад буйи Наврӯз
Абулқосим Фирдавсӣ
БУНЁД НИҲОДАНИ ҶАШНИ САДА
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ». ….
С. Акобирова –
магистранти курси дуюми ДДСТДТ