Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурӣ нақша – чорабиниҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст. Дар доираи амалӣ намудани ин чорабиниҳо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон санаи 17 – марти соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон тантанаи ҷашни Наврӯзӣ бо ҷамъбасти фаъолияти сол, намоиши асарҳои эҷодии омӯзгор – рассомон, инчунин маҳсули дасти донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос «Намоиши мӯд» – ро баргузор намуд.
Дар қисмати тантанавии ин чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Зулфия Давлат, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Неъматзода Маликшоҳ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, раисони иттифоқҳои эҷодӣ, намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳамкор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охири ҷаласа ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Раёсати Донишкада низ ба намояндагони муассисаҳои ҳамкор барои муносибатҳои мутақобилан судманд бо тақдим намудани сипоснома ва ифтихорномаҳо арзи миннатдорӣ намуд.