Tuesday, April 21, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

НАМОИШИ АСАРҲОИ МУҶАССАМАВИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД

21.04.2026

Имрӯз дар Нигористони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши бошукӯҳи асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф баргузор гардид. Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии фаъолияти эҷодию омӯзгории рассом бахшида шуда, ба як рӯйдоди муҳими фарҳангии пойтахт табдил ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндагони воломақоми соҳаи фарҳанг ва аҳли зиё, аз ҷумла муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур Давлат, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Табарӣ Маҳмадулло, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ Аслиддин Низомӣ, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи этнология ва антропологияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмад Дониши АМИТ Додхудоева Лариса Назаровна, Шоири халқии Тоҷикисон Гулрухсор Сафиева, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, намояндагон аз вазорату идораҳои мухталиф, рассомон, муҳаққиқон, санъатшиносон, намояндагони ВАО ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, саҳми арзандаи рассомро дар рушди санъати миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баланд арзёбӣ карданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки намоиши мазкур гиромидошти фаъолияти як ҳунарманди барҷаста ва таҷассумгари роҳи тайкардаи санъати муосири тоҷик дар давраи истиқлол мебошад. Қайд карда шуд, ки осори Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар худ арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва эстетикиро муттаҳид намуда, дар ташаккули завқи бадеии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Зикр гардид, ки Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф соли 1946 ба дунё омада, яке аз намояндагони барҷастаи санъати монументалӣ ва рассомии муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявӣ ба номи М. Олимов ва Институти театрӣ ва рассомии Тошканд ба номи Н. Островский буда, дар тӯли фаъолияти худ ба офаридани даҳҳо асарҳои арзишманди бадеӣ ва монументалӣ ноил гардидааст.

Рассом узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон буда, бо унвонҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин, ӯ барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаҳои бонуфузи дигар мебошад.

Дар ҷараёни намоиш ба меҳмонон асарҳое пешниҳод гардиданд, ки дар иншооти муҳими шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла, саҳми ӯ дар ороиши меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Сирки давлатӣ, Қасри Иттифоқҳои касаба ва маҷмааи Кохи Борбад ҳамчун намунаи барҷастаи санъати монументалӣ арзёбӣ гардид. Зико шуд, ки асари монументалии ӯ «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», ки толори воридотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон-ро зеб медиҳад, яке аз беҳтарин намунаҳои пайвасти анъана ва навоварӣ дар санъати муосир ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, мусаввараҳои машҳури рассом, аз қабили «Боғи анори бобом», «Гусел», «Замини Роғун», «Ба ёди солҳои дур», «Шӯриши Восеъ», «Моҳчеҳра» ва дигар асарҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Москва, Бонн, Никосия ва Кобул муаррифӣ гардидаанд. Имрӯз осори ӯ дар галереяҳо ва осорхонаҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он, инчунин дар коллексияҳои шахсии кишварҳои гуногун маҳфуз мебошанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ аҳли фарҳанг ва санъатшиносон аз саҳми устод дар рушди мактаби рассомии миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки фаъолияти омӯзгории ӯ низ аҳамияти калон дорад. Зеро дар тӯли солҳои фаъолият садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар ташаккули насли нави рассомон саҳми назаррас гузоштааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф ба сухан баромада, ба роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ташкили намоиши сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки чунин иқдомҳо барои рушди санъати миллӣ ва дастгирии ҳунармандон аҳамияти калон доранд.

Сипас, ҳозирин ба тамошои асарҳои рассом даъват гардиданд. Толори намоишгоҳ, ки деворҳо ва ҳатто қисмате аз фарши он бо асарҳои рангоранг ва пурмазмун оро ёфта буд, таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Дар хотимаи намоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлолият гувоҳи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди фарҳанг ва санъат буда, ба муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд.
Ба қафо

Хатари зуҳуроти номатлуб ва зарари он ба ҷомеа

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • НАМОИШИ АСАРҲОИ МУҶАССАМАВИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 21.04.2026
  • Хатари зуҳуроти номатлуб ва зарари он ба ҷомеа 18.04.2026
  • ЭЪЛОН 17.04.2026
  • Намоиши «Ҳифзи пиряхҳо» 16.04.2026
  • Таълим ва тарбия – омилҳои асосии рушди ҷомеа        15.04.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон