Таълим ва тарбия ду рукни асосии рушди ҷомеа буда, пешрафт ва рушди ҳар як давлат ва некӯаҳволии миллати он аз сатҳи маълумотнокӣ, фарҳанг ва ахлоқи шаҳрвандон вобаста аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд, ки рушди воқеии кишвар аз сатҳи маориф вобаста аст. Сухани маъруфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо барои пешрафти илму маориф ҳама шароит фароҳам меорем, аммо натиҷаро бояд омӯзгор бидиҳад» дар ҷомеа вазифаи омӯзгорро боз ҳам масъулиятноктар мегардонад.
Бо такя ба ҳамин роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, имрўз сиёсати давлатии мо ба таҳким ёфтани пойгоҳи кадрӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои омўзгорону шогирдон ва рушду инкишофи зеҳнии насли ҷавон равона шудааст. Таълиму тарбия на танҳо вазифаи мақоми давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.
Тарбияи шахсият аз оила оғоз меёбад. Муҳити солими оилавӣ, эҳтироми байни падару модар ва фарзандон, инчунин таваҷҷӯҳ ба ахлоқ ва рафтори кӯдак дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ нақши ҳалкунанда дорад.
Оила–сарчашмаи муҳаббат, эҳтироми якдигар, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмист. Маҳз ба ин мафҳумҳо ҷомеа ташаккул ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст.
Рисолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон буда, дар он қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро нисбат ба ҷамъият меомӯзад. Ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва Ватану миллат гардад. Зеро бузургон фармудаанд:
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавони ин самар бо рангу бӯи хуш расон.
Ранги хуш рӯи хуш асту,бӯи хуш ақли расост,
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зидагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Бо дарназардошти таҳлили илмҳои педагогика, психология ва ҷомеашиносӣ метавон гуфт, ки модар дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа нақши бениҳоят муҳим дорад. Ӯ аввалин омӯзгор, тарбиятгар ва роҳнамои кӯдак мебошад. Муҳаббат, ғамхорӣ ва донишҳои модар ба рушди равонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии фарзанд таъсири амиқ мерасонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе оилаҳо аз таълиму тарбияи фарзанд фарсахҳо дур монда, ҷиҳати назорати онҳо дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳамроҳи фарзандон сайругашт менамоянд, беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Онҳо дар даст телефонҳои мобилӣ вориди ким-кадом шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, дар дунёи худ банд мешаванд. Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман, аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ мебошад. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад.
Ҳамкории зичи оила ва мактаб метавонад сатҳи тарбия ва таълимро ба маротиб беҳтар намояд.
Таълим равандест, ки тавассути он хонандагон дониш, малака ва қобилиятҳои зеҳниро аз худ мекунанд. Тарбия бошад, ба ташаккули сифатҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шахс равона шудааст.
Ин ду раванд бо ҳам зич алоқаманд буда, якдигарро пурра мекунанд. Бе тарбия таълим самараи пурра намедиҳад ва бе таълим тарбия асоси устувор пайдо намекунад. Аз ин рӯ, тарбияро гаҳвораи таълим мегӯянд.
Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки ба воя расондани бачагон аз тарафи падару модар, муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, ҷомеа мебошад, ки дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну солӣ, психологӣ ва фардии бачагон ба амал бароварда мешавад.
Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгор шахси калидӣ дар ташаккули шахсияти маҳсуб меёбад. На танҳо дониши фаннӣ, балки рафтор, муносибат ва ҷаҳонбинии омӯзгор ба шогирдон таъсири амиқ мерасонад. Омӯзгори муосир бояд на танҳо дорандаи дониши хуби фанӣ, балки равоншинос, тарбиятгар ва роҳнамо бошад. Муносибати эҳтиромона, адолат ва масъулиятшиносӣ аз сифатҳои муҳими омӯзгори муваффақ ба ҳисоб мераванд.
Дар замони муосир, ки ҷаҳони рақамӣ ва тағйироти босуръат тамоми соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтааст, бояд масъулияти омӯзгор дар таълиму тарбия бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, усулҳои инноватсионӣ ва равишҳои педагогии муосир рушд ёбанд.
Ин омилҳо имконият медиҳанд, ки насли ҷавон на танҳо бо донишҳои илмӣ ва касбӣ муҷаҳҳаз гардад, балки аз ҷиҳати маънавӣ ва ахлоқӣ низ солим, худшинос ва бофарҳанг ба камол расада, дар рушди ҷомеа саҳми худро гузошта тавонад.
Субҳон Усмонов, Устоди МДТОК “Донишкадаи давлатии санъати
тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” н.и.п., профессор

