25.12.2018 Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” – ро бо иштироки донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташкил намуд. Ғолибони озмунро аз тарафи Кумитаи мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ  ва сипосномаҳо қадрдонӣ  гардониданд.
Инчунин Абдуллоева Оишабону барои ноил гардидан ба мақоми “Ҷавондухтари бо маърифат” дар озмуни зикршуда бо сипоснома сарфароз шуд. Барои шароит фароҳам овардан ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол — 2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба раёсати донишкада сипоснома сарфароз намуданд.