Имрӯз дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, раиси Иттифоқи расомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, муовинони ректор, мудирони шуъбаву бахшу кафедраҳо, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сироҷиддин Ҷурахонзода занонону бонувони муассисаро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Ректор зимни суханронии хеш қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолу бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Гуфта шуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар идома Наргис Ҳамидова суханронӣ карда, иброз дошт, ки имрӯз фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи санъати тасвирӣ низ шоиста арзёбӣ мешавад, аз ҷумла дар пешбурди кори Иттифоқи расомони Тоҷикистон ва бахшу шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии он занон мақоми густурда доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми фарҳангу санъати мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Қайд гардид, ки мавқеи зани тоҷик дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти онҳо дар рушди босуботи кишварамон назаррас мебошад. Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт умр ба сар мебаранд, бояд он донишу малака ва ҳунару истеъдодеро, ки доранд, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани хеш сарф намояд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъол ва занону бонувони муассиса ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди таълиму тарбия, дастовардҳои шоиста дар озмуну чорабиниҳои гуногун ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир дастаи ҳунармандони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарҳангии иборат аз рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.