Маросими савгандёдкунии Президенти ҷумҳурӣ маънои расман ба иҷрои вазифаи президентӣ шурӯъ намудани онро дорад. Имрӯз, 30 октябр, маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қасри миллат шуруъ гардида, пас дар Қасри Сомон ва майдони Дӯстии пойтахт идома ёфт.

Дар оғози маросим аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон  Худоёрзода Бахтиёр Тавар ба Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи раиси Суди конститутсионии кишвар Ашӯрзода Абдулҳафиз Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд. Сипас, Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон дасти рост ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганди сидоқату вафодорӣ ба кишвар ва мардуми онро ёд кард.

Маъракаи интихоботи Президенти  Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи 11 октябр барпо шуда, Президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон миёни дигар номзадҳои пешбаришуда бо гирифтани 90,92 дарсади овози интихобкунандагон ғолиб омад ва барои ҳафт соли дигар президент интихоб гардид.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рафти маъракаи савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон бо мароқ тамошо карданд.

Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз тамошои савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.