Субҳи 1 сентябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи дониш таҷлил гардид. Дар толорҳои донишкада барои шунидани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сурҳ, ки дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, мониторҳои азим гузошта шуданд.

Пас аз ба итмом расидани суханронии Сарвари давлат дар толори асосии донишкада чорабинӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсил баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба таълим – профессор Иброҳимов Муродалӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи нек муборакбод намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо шарофату дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бинои донишкада таъмир шуда, масоҳати бинои таълимӣ боз ба миқдори 1000 метри муррабаъ зиёд гардид. Синфхонаҳо ва устохонаҳои донишкада барои соли нави таҳсил омода карда шуданд. Хушбахтона, соли ҷорӣ донишкада соҳиби толори барҳавои замонавӣ гардид, ки минбаъд тамоми чорабиниҳо дар он сурат хоҳанд гирифт. Инчунин хобгоҳи донишҷӯёни донишкада пурра аз таъмир бароварда шуда, дар назди он майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, умуман дар хобгоҳ шароити хуби зиндагӣ барои донишҷӯён муҳайё карда шуд. Пояҳои моддиву техникии донишкада пурқувват гардонида шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот ворид гардиданд. Қариб ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З.М., иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар охир донишҷӯён хотири иштирокдоштагонро бо қироати шеъру хондани суруд шод гардониданд.