Бо ташаббуси мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ н.и.п., дотсент Субҳон Усмонов  дар мувофиқа бо шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон миёни донишҷӯён олимпиадаи фании географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографии он баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни лаёқатманди ихтисосҳои мухталифи донишкада бо иштироки намояндаҳои кафедраи мазкур дониши худро санҷиданд.

Сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Қобилова М.П. ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки имрӯз Раёсати донишкада дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёнро яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба илму донишандӯзӣ дониста, дар ин ҷода чораҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.

Хотирнишон бояд кард, ки феълан дар донишкада баргузории олимпиадаҳои фаннӣ идома дошта, беҳтаринҳо ба даврҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ роҳхат дода мешаванд.