Дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашри се дастурамали таълимӣ-методии омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кӯмак расонд.

“Асосҳои композитсия” -и  муаллифон Ғанизода Ҷ. Ш, Наҷмиддинов К. А. ва Муқимова С .Р., “Қаламкашӣ дар раванди таълим”- и Одиназода Б. Э. , “Дизайни муосир”- и С. Акобиров  ва К. Наҷмиддинов аз чоп баромада, ба дасти донишҷӯён расиданд. Номҳои китобҳо худ аз мазмуну мундариҷа ва таъйноти онҳо бозгӯйӣ мекунанд.

Дастурҳои таълимии мазкур оид ба асосҳои композитсия, дизайн ва қаламкашӣ маълумоти зиёдеро дар бар гирифта, барои донишҷӯёни тахассусҳои рассомӣ, меъморӣ, дизайни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҳангоми таҳсил ва амалан азхуд кардани дарсҳои қаламкашӣ, пленэр ва нақшакашӣ тавсия дода шудааст. Дар онҳо намунаҳо аз асарҳои рассомони классикии рус ва рассомони муосири тоҷик оварда шудаанд.

Ҷолиби диққат аст, ки ҳамкории вазорати фарҳанг бо олимону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар бобати таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ тайи солҳои охир торафт қавитар мегардад ва омӯзгорони варзидаи донишкада бино бар норасоии китобҳои таълимӣ қариб ҳар сол ба қадри имкон аз ҳисоби маблағҳои вазорат ва худи донишкада ду-се дастури таълимӣ-методӣ таълиф намуда, ин холигоҳро пур мекунанд.