Санаи 29.11.2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишкада Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Макони илму ҳунар” бахшида ба 10-солагии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеъи олимони ботаҷрибаву ҷавон, омӯзгорон, магистрантон донишҷӯён ва дигар меҳмонон аз муассисаҳои илмӣ-фарҳангии пойтахт баргузор гардид.

Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ  н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э. оғоз намуда, ёдовар шуд, ки конференсияи мазкур, конференсияи рамзӣ дар таърихи фаъолияти донишкада ба ҳисоб рафта нишонаи сол аз сол мавқеъи мустаҳкам пайдо кардани фаъолияти донишкада дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла самти илм ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар конференсияи мазкур зиёда аз 60-мақолаҳои илмӣ дар чор бахш: бахши забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, таърих, санъатшиносӣ ва технологияи иттилоотӣ ва иқтисод пешниҳод гардидааст. Аҳмияти конференсияи мазкур дар онаст, ки олимону унвонҷӯёни ҷавон ва магистрантони донишкада аз дастоварду пешравиҳо дар самти фаъолияти илмии ҳамдигар бархурдор гардида, шавқу рағбати донишҷӯён бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар чорбиниҳои мазкур ба корҳои илмӣ зиёдтар мегардад.

Сипас аз рӯйи барнома маърӯзаҳои илмии мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Фаттоева Р.А. дар мавзӯи “Нақши ДДСТДТ дар ташаккули санъати тасвирӣ”, дотсенти кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Ф.Хоҷаев Темурзода М. -“Асосҳои илмии тайёр намудани омӯзгорони фанни санъати тасвирӣ дар раванди таълим” ва омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Рақибов М.  “Кундалнигорӣ-санъати миллии тоҷикон” дар назди ҳозирин ироа гардида, аз ҷониби иштирокчиён  маърӯзаҳои мазкур мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ ҳайати Раёсат, меҳмонон ва донишҷӯён аз дарсҳои амалӣ ва маҳорати касбии Олимзода К. -омӯзгори кафедраи “Графика ва миниатюраи ба номи Ф.Хоҷаев” ва  кафедраи “Санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ” Рақибов М.  дидан намуда, ба салиқа ва маҳорати устодон баҳои баланд доданд.

Кори конференсия дар бахшҳо таҳти Раёсати шахсони масъул  бо иштироки бевоситаи маърузакунандагон ва донишҷӯён то соати 1600 идома ёфт.