Дар Шӯрои олимони Донишкадаи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Шӯро, номзади илмҳои меъморӣ, ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат  масъалаҳо дар бораи фаъолияти факултаи санъати тасвирӣ, кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, бахши магистратура ва рафти иҷрои рисолаҳои хатм дар кафедраҳои тахассусӣ дар соли таҳсили 2019-2020 мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Оид ба масъалаҳои номбурда  декани факултет Меҳриддини Абдусаид, сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Мастона Қобилова, мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Мизроб Холов гузориш доданд.

Дар баромади музокирачиён қайд карда шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар раванди таълим ва аёнияти иҷрои амалии вазифаҳои пешгузошта дар боби ҳунаромӯзии донишчӯён, ташкили намоишҳои эҷодӣ ва ривоҷи корҳои илмию эҷодии омӯзгорон, тарғибу ташвиқи ин корҳо дар матбуоти даврӣ ва нашрияҳои илмию оммавӣ чандон қонеъкунанда нестанд. Кори шӯроҳои илмӣ ва методии факултетҳо, ки деканат ва мудирони кафедраҳо масъулияти назорати онро бар душ доранд, ҳанӯз мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудаанд. Ҳодисаҳои дарсшикании донишҷӯёну омӯзгорон аҳёнан ҳанӯз ҷой доранд.

Шӯрои олимон фаъолияти факултету кафедраҳои муҳокимашударо дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида, доир ба ҳар яки он қарори дахлдор қабул намуд. Масъулини факултету кафедраҳо, шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.