Monday, November 4, 2024

Маълумот

Сардори Шуъбаи таълим – ПИРОВ ТОШМАҲМАД МИРОВИЧ

Шуъбаи таълим аз лаҳзаҳои таъсисёбии Донишкада ташкил ёфта, ба ҳаллу фасли масоили банақшагирӣ, ташкил, танзим ва мувофиқи тақозои ҷомеа ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаву соҳибунвон ба раванди таълим машғул аст. Банақшагирӣ, ташкил ва танзими раванди таълим дар Донишкада рисолатест марбут ба фаъолияти бевоситаи шуъбаи таълим.

Феълан дар шуъбаи таълим 8 воҳиди корӣ – сардори шуъбаи таълим, мудири бахши идоракунии сифати таълим, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ, мудири бахши бақайдгирии машваратӣ, сармутахассиси бахши идоракунии сифати таълим, сармутахассиси бахши бақайдгирии машваратӣ, мутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ, оморчӣ фаъолият доранд.

Дар ҳоли ҳозир, фаъолияти шуъбаи таълим, ки дар кори худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад, ҷиҳати татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, «Оинномаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон», «Қоидаҳои тартиботи дохилии ДДСТДТ», низомномаҳои соҳавӣ, фармоишу супоришҳои ректор, қарорҳои Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ, инчунин дастурҳои муовини ректор оид ба таълим, ки таҷассумгари мазмуну мундариҷаи ҷараёну сифати таълиманд, равона карда шудааст.

Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ, бахши идоакунии сифати таълим, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар назди шуъбаи таълим амал намуда, дар фаъолияти раванди таълим нақши муассире доранд.

Шуъбаи таълим ва зерсохторҳои он фаъолияти худро барои банақшагирӣ, ташкили мониторинги сифати таълим ва давомот, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати таълим дар мувофиқа ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтисосҳои роиҷи донишкадавӣ равона кардааст. Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, санҷиши мунтазами давомот ва донишандӯзии донишҷӯён, таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, фанҳои таълимии кафедравӣ, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кории таълим, ҷадвалҳои раванди таълим, машғулиятҳои дарсӣ, таҳияи лоиҳаи фармоиш ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатӣ, таҳлили тағйири давомоти донишҷӯён, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ, банақшагирӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаро ташкил медиҳад.

Бо мурури даҳ сол донишкада рӯ ба инкишоф ниҳодааст ва дар робита бо ин пояи моддию техникии раванди таълим низ густариш пайдо кардааст: синфхонаҳои тахассусӣ бо лавозимоти таълимӣ ва аёният муҷаҳҳаз гаштаанд, синфхонаҳои компютери бо технологияи муосири иттилоотӣ ҷиҳозонида шудаанд, шуъбаи методӣ бо маводи тадрисӣ такмил гаштааст, устохонаҳои таълимӣ бо дастгоҳу маводи таълимӣ пурра гаштаанд, китобхонаи донишкада бо адабиёти таълимиву илмӣ ва китобҳои электронӣ ғанӣ гардонида шудаанд.

Шуъбаи таълим ва зерсохторҳои он аз лаҳзаи аввали фаъолият то ба имрӯз ҷиҳати ҷустуҷӯ, такмил, татбиқи усулҳои муосиру мусаммари таълим ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди таълим фаъолият доранд.