Дар донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конференсияи илми-назариявӣ зери унвони “Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият” тибқи нақшаи чорабинии кафедраи “санъатшиносӣ” ва “санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ” баргузор гардид. Дар конференсия беш аз 20 – мақолаи илмӣ пешниҳод шуд ва дар он устодони донишкада, меҳмонон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада н.и.м. профессор Ғанизода Ҷ.Ш ифтитоҳ намуд.
Дар идомаи конференсия профессори кафедраи санъатшиносӣ Иброҳимов М. Ф. чунин иброз намуданд, ки мавзӯе, ки номгузорӣ шудааст, мавзӯи мубрами рӯз ва муҳимияту ҳифзи мероси ниёгон дар тарғибу ташвиқи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Конференсия аз ду бахш иборат буд. Бахши “Санъатшиносӣ” ва “Санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ”.
Сипас иштирокдорони конференсия дар бахшҳо баромад намуданд.
Дар охир таҳлилу хулосабарорӣ намуда ва мақолаҳои беҳтарин ба чоп тавсия дода шуд.