Friday, October 3, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

МУСАВВИР

29.09.2025

Шиносоии мо бо Бахтиёр  тобистони соли 1984 дур аз Ватан ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Москва сурат гирифт. Рӯзе баъди бозгашт аз навбатдории нуқтаи назоратӣ дар саҳни ҳавлии қисми низомӣ ҳамхизматонам хабар расонданд, ки хурсанд шав, як ҳамватанат омадааст. Ростӣ, хеле хушҳол шудам аз ин паём, зеро давоми ним соли хизмат бо забони модарӣ сӯҳбат карданро пазмон шуда будам. Қисми низомии мо калон буд, намояндагони дигар миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд буданд, вале бо Раҳимҷон мо ҳамагӣ ду нафар тоҷик будем, ки бо тақозои реҷаи хизмати ҳарбӣ ҳамдигарро хеле кам медидем.

Бахтиёрро дар клуби қисми низомӣ, ки бо китобхона дар як бино ҷойгир буд, пайи кор дарёфтам. Ҷавони хушқомате бо чеҳраи ҷиддӣ оромона рӯйи лавҳаҳои барои утоқи омӯзиши сиёсӣ (политзанятия) пешбинишуда қоидаҳои хизмати ҳарбиро хеле моҳирона бо хатти зебои чопӣ менавишт. Баъди  шиносоӣ сӯҳбати мо тӯл кашид. Маълум шуд, ки рассомиро пеша интихоб намудааст ва ин касбро аз хурдӣ меписандад. Дастпарвари Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва донишҷӯйи Донишкадаи давлатии бадеӣ – театрии ба номи Николай Островскийи шаҳри Тошканд, ки баъди адои хизмат ин муассисаи олии таълимиро соли 1990 бомуваффақият хатм намуд.

Аз таърихи тамаддун ва санъату ҳунармандии миллати  кӯҳанбундёди тоҷик ва дигар халқҳо  огоҳии комил дошт. Зимни сӯҳбатҳо бештар аз нобиғаҳои санъати тасвирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва роҳи тайнамудаи онҳо ибрози андеша мекард.

Ҳамин тариқ, якуним соли боқимондаи хизмати ҳарбиро  бо Бахтиёр дар як қисми низомӣ ба ҷо овардем. Ростӣ ифтихор доштам бо чунин як ҳаммиллати соҳибҳунару кордон. Ҳамин ҳунари волояш боис гашт, ки пайваста барои ороиши дигар қисмҳои низомӣ ба сафари хизматӣ мерафт. Борҳо дидаам, ки намояндагони дигар миллатҳо бо ҳавас менагиристанд ба ӯ ва орзу мекарданд, ки чунин ҳунарвару соҳибэҳтиром бошанд.

Ёд дорам, яке аз рӯзҳои тирамоҳ Бахтиёр наздам омада гуфт, ки “рафтем, меҳмон омадааст, шинос мешавӣ”. Чун аз гузаргоҳи назоратии қисми низомӣ берун шудем, рассом Арбоби ҳунари Тоҷикистон шодравон Валимад Одинаевро дидем, ки бо табассум ҷониби мо менигарист. Ин чеҳраи нотакрори олами санъати тасвирӣ ва пайкарасозӣ бо Бахтиёр пайванди хешутаборӣ доштаанд. Маълум шуд, ки баъди иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирӣ аз кадом кишвари аврупоӣ, хато накунам аз Маҷористон, баргаштаву сари роҳ азми хабаргирии мо намудааст. Сӯҳбати мо бо шодравон Валимад Одинаев чандон тӯлонӣ набуд, вале ҷолибу хотирмон.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ тобистони соли 1986 меҳмони хонадони падариаш воқеъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шудем. Бахтиёр дар муҳити хуби оилавӣ, ки бештар ба эҷод сарукор доштанд, ба камол расидаву пайроҳаи худро интихоб кардааст. Ёдрас шудан бамаврид аст. ки шодравон падарашон Эмомалӣ Одинаев низ ҳамчун эҷодкор солҳои тулонӣ вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Зафар”-ро ба зимма доштанд.

Тарбияи дурусти волидон ва муҳити созгори эҷодӣ барояш имкон дода, ки аз овони наврасиву ҷавонӣ зиндагиро дар олами рангҳо бо назари дигар бубинад.

“Бахтиёр асосан касби кулолиро хеле амиқ омӯхтааст ва ҳатто метавон гуфт, ки аз бузургонаш тамоми нозукиҳои ин касбро мерос гирифтааст. Дар баробари ин вай чандирии зебои муҷассамаввӣ, маданияти нозуку волои истифодаи рангҳоро бо қобилияти баланд ба рӯи қоғазу матоъ меорад. Тамоми эҷодиёти  мусаввирии ӯ дар интихоби  ҷилваи нозуки рангҳо саршор аз ҳалли ғайриоддӣ, ҷасорат, тафаккури фалсафӣ ва хирад аст.Ба назар чунин мерасад, ки хар як чузъиёти тасвири ӯ: пичирроси ороми насими субҳ, шуълаи офтоб, шӯриши дарё, садои оромкунандаи баргхои сафедор, чинорҳо,  шохахои ба ҳам печидаи дарахти анор – ифодакунандаи ҳаёт суҳбати хосае доранд… дар паси нақшу рангҳои нозук ва хеле дурахшон маҳорати баланди касбӣ, асолати дурахшон, дасти устувори устоди пухтакор ба назар мерасад. Рассом забони бадеиятро  хеле хуб аз худ кардааст ва  аз ин рӯ  асарҳои эҷоднамудаи вай бо мусиқии ҳайратангези ранга фаро гирифта шудаанд” – ин иқтибос аз нигоштаи олими шинохта Сайнурдин Акобиров аст, ки дар китоби “Таззоди рангҳо” дарҷ шудааст.

Дар ин маҷмуа маводи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-эҷодӣ бахшида ба 35-солагии фаъолияти эҷодии номзади илмҳои таърих, профессор, рассоми санъати ороишӣ–амалӣ, узви Иттифоқи рассомон, Академияи мусаввирон ва Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ гирд оварда шудааст, ки соли 2024 ба чоп расид.

Дар кофронси мазкур, ки бо иштироки аҳли илму санъат хеле бошукӯҳ доир гардид, эҳсос намудем, ки ин дӯсти ҷавонмарду бекинаи моро инсонияти баланд, заҳматнописандиву ҳунари волояш маҳбуби дилҳо намудааст. Он рӯз самимияту муҳаббатро дар суханронӣ ва нигоҳи ҳар як иштирокчӣ мушоҳида намудан душвор набуд.

Фаъолияти кории Бахтиёр Одиназода якранг набуда, марҳила ба марҳила дар ташаккули маҳорати эҷодиаш нақши муҳим дорад. Соли 1990 баъди хатми Донишкадаи давлатии бадеӣ-театрии ба номи Николай Островскийи шаҳри Тошканд ба шаҳри Душанбе баргашта, муддате дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 37 ҳамчун омӯзгори фанҳои тахассусӣ ба тарбияи шогирдон машғул буд. Сипас, аз соли 1994 ба сифати омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фаъолият намуда, соли 2009 вазифаи роҳбарии ин даргоҳи ҳунаромӯзиро ба зимма гирифт. Аз соли 2016 инҷониб дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад.

Аз соли 2006 аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, солҳои 2009-2016 ҳамчун раиси Ташкилоти ибтидоии “Наққош”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ҳизби мазкур ва нақши созандаи он дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузоштааст.

Зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 2 китоби таълимӣ, 1 монография, 13 дастури таълимӣ, 1 каталоги тахассусӣ ба нашр расонидааст. Ҳамчунин, 10 намоиши инфиродии маҳсули эҷодашро ташкил намуда, асарҳояш дар 28 намоиши байналмилалӣ ва 39 намоиши ҷумҳуриявӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Асарҳои эҷоднамудаи ин соҳибҳунари асил дар шакли  камеравӣ (хурди сафолӣ) ва мусаввараҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин коллексияҳои шахсии давлатҳои Аврупо, ИМА ва Россия маҳфуз мебошанд.

Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов дар китоби “Таззоди рангҳо” аз ҷумла ҷунин ёдрас шудааст: “Баъди хатми донишомӯзӣ ба Душанбе омада, бори нахуст дар Намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди кори дипломӣ иштирок намуд. Маҳз бо ҳамин кораш “Ашъори китобҳои кӯҳан” ҳамчун шахси эҷодкор таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуд. Ин асар аз сафоли сурху сафед, рангҳои ангоб ва ранги зарҳал дар рӯҳияи ретро сохта шуда буд, ки гӯё як навъ пуле аз замони классикӣ то даврони муосир хидмат мекард.Ин кори эҷодии  бо завқи баланд ва назокат иҷрошуда аз назарҳо пинҳон намонд. Ин асар  аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастрас шуда, яке аз  беҳтарин асари ин макони таърихӣ  ба шумор меравад.”

Аз ин бармеояд, ки маҳсули эҷоди Бахтиёр Одиназода аз қадамҳои нахустинаш дар ин  пайроҳаи душвори эҷодӣ  бо ҷилои хоса  баёнгари тахайюл ва мақсади муаллиф будааст.

“Вақте ки эҷодиёти Бахтиёр  Одиназодаро мебинед, онро  бо эҷодиёти рассомони дигар омехта кардан  номумкин аст. Вай услуби худ ва диди худро дар бораи ҷаҳони атроф ташаккул додааст. Бахтиёр Одиназода дар портретҳои худ рӯҳияи миллиро хеле моҳирона бо услуби хоса  баён кардааст”,-таъкид намудааст Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Анваршо Сайфиддинов.

Бахтиёр Одиназода дар жанрҳои кӯлолгарии бадеӣ, рангнигорӣ, қаламнигорӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ асарҳои зиёде офаридааст. Мусаввири чирадаст дар маҳсули тахайюли эҷодиаш унсурҳои миллиро  хеле зебову ҳадафмандона ифода мекунад. Намунаи мусаввараҳояш ба монанди “Ангезаи деҳот”, “Анор”, “Занҳои кӯлолгар”, “Тирамоҳ”, “Тоҷикдухтар”, “Ангезаи кӯҳӣ”, “Субҳи декабр”, “Анорҳо”, “Сӯбҳ”, “Истироҳат”, “Натюрморти тоҷикӣ”, , “Наврӯз” ,“Духтари кӯлобӣ”,”Натюрморт бо лимонҳо”, “Лӯхтакҳо”, ”Рӯзи тафсон”, ”Натюрморти шарқӣ”, ”Навозанда”, “Интизорӣ”, “Симои Камолиддин Беҳзод”, “Чашма”, “Дарёи Зарафшон”, “Қуллаи  Исмоили Сомонӣ”,“Қуллаи Абуалӣ ибни Сино” “Пиряхи Ванҷях” ва чанде дигар аз ҷиҳати тасвир ниҳоят аҷибу назаррасанд.

Яке аз асарҳои машҳури Бахтиёр Одиназода  мусаввараи “Дарахти ҳаёт” мебошад, ки соли  2003 эҷод шуда, фалсафаи амиқи  худро дорад. Мусаввир тавассути асари мазкур  олами ботинии худро бо услуби хоса тасвир намудааст. “Дарахти ҳаёт” аз заминаи аҷдодӣ эҳё гардида, то ба замони мо сабзида расидааст. Дар ин асар баробари дигар ҷузъҳо  лона ва дохили он се дона тухм тасвир шудааст, ки рамзи бардавомии насл мебошад. Ба ҳамини монанд мусаввараи ”Фаслҳои сол” низ дорои фалсафаи ғанӣ мебошад. Дар ин асарҳо тамаддуни таърихии миллат бо ҳаёти имрӯза омезиш ёфтааст.

Ҳар як эҷодкор бояд ҳамқадами замон бошад, набзи  рӯзмарраи ҷомеаро эҳсос намуда, тавассути асарҳояш   инъикос намояд. Бахтиёр Одиназода аз зумраи чунин мусваввирон аст.

Ҳамин аст, ки мавзӯи тағйирёбии иқлим ва хатари он ба ояндаи сайёраи замин аз назари ӯ дур намонд. Бахусус обшавии пиряхҳо ҳамчун  яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир таваҷҷӯҳашро ҷалб намуд. Боиси ифтихор аст, ки  дар заминаи  пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум  қатънома доир ба эълон намудани “Соли 2025  ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул гардид. Дар ин замина минбаъд ҳамасола дар тамоми сайёра 21- март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қайд карда мешавад.

Вобаста ба ин   мавзӯъ соли 2023 дар натиҷаи заҳмати зиёд  се асари рассом, аз ҷумла “Қуллаи Исмоили Сомонӣ” , “Қуллаи Абӯалӣ ибни Сино”  ва “Пиряхи Ванҷях”   рӯйи кор омаданд, ки ҳар қадом бо фалсафаи хос бозгӯи вазъи феълӣ ва зарурати пешгирӣ аз   нобудшавии пиряхҳо мебошанд.

Яке аз масъалаҳои дигар, ки дар оянда метавонад истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намояд, сохтмони  иншооти муҳими гидроэнергетикӣ–Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад. Нимаи дуюми моҳи апрел ва моҳи май дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ҷумҳуриявии асарҳои рассомон таҳти унвони  “Роғун кохи нур” бахшида ба  ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он ду асари эҷоднамудаи Бахтиёр Одиназода , аз ҷумла  “ Роғун –сохтмони аср” ва “Роғун-кохи нур”  баҳои баланд гирифта, аз ҷониби  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун асарҳои нотакрору баландмазмун пазируфта шуд. Рассом тавассути омезиши рангҳо дар ин асарҳо зарурати бунёд ва дурнамои иқтисодии ин иншооти бузургро аз нигоҳи фалсафӣ инъикос намудааст.

Тавре ёдрас шудем, як зумра асарҳои  эҷоднамудаи мусаввири соҳибтаҷриба дар хазинаи тилоии Осорхонаи миллӣ маҳфуз буда,ҳамчунин коллексияҳои шахсии давлатҳои Аврупо, ИМА ва Россияро зиннат мебахшанд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло:

“Оид ба фаъолияти омӯзгорӣ, зинданигорию рассомии ӯ, одоби муошират, масъулиятшиносӣ ва ҳалимию беозорӣ барин сифатҳои эшон, шогирдону ҳамкорон ва ҳаммаслакону дӯстон тариқи суханронӣ ва навиштаҳои худ, ибрози назар карданд. Ҳарчанд навиштаҳо ба завқу салиқаи гуногун рӯйи қоғаз рехтаанд, дар ҳамаи онҳо як хатти сабзе ба назар мерасад. Ин хатти сабз вобастагӣ дорад ба шахсияти инсони комил ва қавӣ будани бинои инсонгарии ӯ. Оре, Одиназода Бахтиёр аз зумраи ҳамин гуна инсонҳост. Ҳам  мусаввиру ҳам омӯзгори беҳамто, ки  офаридаҳои хотирмонашро рӯи қоғаз оварда, мусаввараҳои ибратбахш эҷод мекунад.

Бешубҳа, ҳамаи ин  дастовардҳо дар заминаи меҳнати содиқона, омӯзишу тадқиқоти илмӣ ба даст омадааст.  Соли 2015 рисолаи илмиро  дар мавзӯи “История развития керамического производства Таджикистана ХХ начала ХХ1 веков”  ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои таърих  гардид. Идомаи тадқиқоту  ҷустуҷуйҳои илмю эҷодӣ барояш имкон дод, ки ахиран соли 2025 соҳиби унвони профессор шуд.

Имрӯз  номзади илмҳои  таърих, профессор Бахтиёр Одиназода аз он меболад, ки дар тӯли умри худ тавонист шогирдони зиёдеро  тарбия намояд. Аз он шукргузор аст, ки оилаи солим, фарзандони баркамолу набераҳои дустрӯ  насибаш гардидааст.

Ифтихор дорад, ки аз рӯи касби писандидааш ба нафъи ҷомеа хизмат мекунад. Шукрона мегӯяд, ки самараи заҳмати бисерсолааш имрӯз бо ҷилои рангҳо  ба қалби ҳазорон нафар  ҳаводорони санъати нафиси рассомиву пайкарасозӣ сурур бахшида, онҳоро ба  олами зебоипарастӣ ва роҳи дурусти зиндагӣ  ҳидоят мекунад.

 

Ниёзбек ҚАЛАНДАРОВ,

Бознашр аз ҳафтаномаи “Минбари халқ”

24 сентябри соли 2025

Ба қафо

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ 

Ба пеш

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» НОМЗАДИ ИЛМҲОИ МЕЪМОРӢ ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Ба пеш
Ректор

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» НОМЗАДИ ИЛМҲОИ МЕЪМОРӢ ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ДӮСТДОРОНИ КИТОБ” БАРГУЗОР ГАРДИД 01.10.2025
  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» НОМЗАДИ ИЛМҲОИ МЕЪМОРӢ ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР 01.10.2025
  • МУСАВВИР 29.09.2025
  • МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ  15.09.2025
  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 08.09.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон