Tuesday, January 20, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ТАЛОЯИ НАВРӮЗ

20.01.2026

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Манучеҳрии Домғонӣ

Муҳаққиқони соҳа ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯз иди миллии мардуми ориёнажод ном бурдаанд. Баъди гузашти солу асрҳо дар урфу одати мардуми дар сарзамини Осиёи Миёна зиндагимекарда Наврӯз ҳамчун иди сари сол ва Меҳргон, асосан дар хотираи олимону донишмандон ҳамчун иди ҳосил боқӣ монда буд. Мутаассифона, ҷиҳати ҷашнгирии иди Сада дар байни мардум, ғайр аз ёд, қариб ягон чизи диққатҷалбкунанда боқӣ намонда буд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнгирии иди Сада аз нав эҳё гардид. Сабаби пайдоишу ҷашнгирии иди Сада ба умқи асрҳо рафта мерасад. Ба ақидаи профессор М.Ҳазратқулов, “… он дар замоне ҷашн гирифта мешуд, ки нахустин тасаввуроту бовариҳои аҳди бостон воҳиди устураҳои ташаккулёфтаи адёни ибтидоӣ мегардиданд”.

Дар бораи пайдоиши ин ид ва тарзи ҷашнгирии Сада, хушбахтона, дар сарчашмаҳо баъзе маълумотҳо ҳастанд ва олимони соҳа ба мақсади ба тартиб даровардани он дар натиҷаи омӯзиш пешниҳодҳои худро иброз доштаанд.

Маълум аст, ки гузаштагони дури мо, дар давраи маздоӣ ва зардуштӣ, оташро хеле муқаддас медонистанд ва ақидаи он ки ҷашни Сада ҷашни пайдоиши оташ аст, метавонад асос дошта бошад.

Як чизи дигар низ лоиқ ба таъкид аст, ки Сада иди хосагон буд ва ин фикр дар адабиёти классикӣ дар чандин ҷой тасдиқи худро ёфтааст. Фаррухиии Сиистонӣ дар “Таҳнияти ҷашни Сада” фармудааст:

Ган на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,

Чун шаби торӣ ҳаме аз рӯз равшантар шавад.

Рӯшноӣ осмонро бошад имшаб ҳаме,

Равшанӣ аз осмон аз хоки тира бар шавад.

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст,

К-аз саройи хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Манучеҳрии Домғонӣ низ таъкид мекунад:

Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Барафрӯз Оташбарзин, ки дар ин фасл басо,

Озарибарзин пайғамбари озор бувад.

Оташе бояд чунон, ки фурӯзад, аламаш

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад…

Манучеҳрӣ Садаро талояи Наврӯзи номдор номгузорӣ намуда қайд мекунад, ки ба мисли он ки сипоҳ пеш аз разм бо душман талоя мефиристад, Наврӯз низ панҷоҳ рӯз пеш аз омаданаш Садаро чун талоя мефиристад. Наврӯз ба Сада таъкид менамояд, ки раву бар зимистон  бигӯй, ки ман омада истодаам. Ту бираву дар ин “шаби сиёҳ” (зимистон) оташ афрӯз “рӯзвор” ва хабар деҳ, ки ба омадани ман панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб мондааст:

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,

Кардааст ройи тохтану қасди корзор.

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи номдор…

Абулқосим Фирдавсӣ низ дар достони безаволи “Шоҳнома” дар боби “Бунёд гузоштани ҷашни Сада” пайдоиши ҷашнро ба шоҳи дуюми Пешдодиён Ҳушанги бузург  мансуб медонад ва ривоятеро меорад, ки мувофиқи он Шоҳ Ҳушанг бо як гуруҳ наздиконаш ба сӯи кӯҳ равон буданд. Аз сари роҳи онҳо як чизи дарози “сияҳрангу тиратану тезтоз” баромада ба тарафи шарикон ҳамла кард. Ҳушанг бо мақсади ҳимоя сангеро бардошта бо “зӯри кайёнӣ” ба тарафи он ҳайвон, ки мор буд, андохт. Мор як сӯ ҷаст ва санги гарони бо тамоми қувва андохта шуда ба санги хурдтаре бархӯрд, Ҳар ду санг шикаст. Аммо бархӯрии ин ду санг бе натиҷа намонд ва аз ин бархурии ду санг фурӯғе  падид омаду дили санг равшан шуд. Фирдавсӣ менависад, ки

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ба ифтихори ин оташ Ҳушанг шаб дар кӯҳ оташ барафрӯхт ва бо ҳамроҳонаш дар атрофи вай истода дилхушӣ карданд. Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки Ҳушанг ин ҷашнро Сада ном ниҳод ва ба минбаъд ояндагон ин ҷашн аз Ҳушанг ёдгор мондааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр…

Баъди ошкор гардидани оташ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум дигаргуние куллие ба вуҷуд омад. Минбаъд одамон хомро пухта мекарданд, ба воситаи оташ истеҳсоли оҳанро омӯхтанд ва сохтани олоту асбобҳои зиндагиро ба роҳ монданд.

Чун бишнохт, оҳангарӣ пеша кард,

Аз оҳангарӣ арраву теша кард.

Лоиқ ба таъкид аст, ки дар фарҳанги авастоӣ оташ ҳамчун манбаи нур, гармӣ, равшаноӣ, умуман маҳзари нури аҳуроӣ мебошад. Номи ҷашни Сада аз шумораи сад гирифта шуда, аслан  калимаи авестоӣ мебошад. Мувофиқи таҳқиқи олимон  ин калима дар забони паҳлавӣ дар шаклҳои “сат”, “сатаг”, “сазак” ва “саз” вомехӯрад.

Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор –ул- бақия” навиштааст, ки : “Эрониён охири зимистони (бузург)-ро даҳ рӯз аз баҳманмоҳ  (яъне рӯзҳои 30-31 январи солшумории имрӯза) бо унвони Сада ҷашн мегирифтанд”.

Хулосаи ин гуфтаҳо ҳамин аст, ки сада ҷашни оташ буда, ҷашнгирии он дар шароити имрӯзи арҷгузорӣ ба хотираи гузаштагон мебошад.

Сада ҷашни мулки номдор аст,

Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Сайиднуриддин АКОБИРОВ,

дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ

Ба қафо

ҚАДРДОНИИ КИТОБХОНАИ ДОНИШКАДА АЗ РӮЙИ НОМИНАТСИЯИ “КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИНИ ИЛМӢ-СОҲАВӢ”

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ТАЛОЯИ НАВРӮЗ 20.01.2026
  • ҚАДРДОНИИ КИТОБХОНАИ ДОНИШКАДА АЗ РӮЙИ НОМИНАТСИЯИ “КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИНИ ИЛМӢ-СОҲАВӢ” 19.01.2026
  • МАВҚЕИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР 19.01.2026
  • ЭЪЛОН 15.01.2026
  • БАХШИДА БА 55-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ УСМOНОВ СУБҲОН ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН МАҲФИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД 07.01.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон