Муҳтарам омӯзгорон, устодон, кормандон ва ҳамкасбони арҷманд!
Бо камоли ифтихор ва лутфу самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгор таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ, комёбию муваффақият ва саодати рӯзгор орзу менамоям.
Омӯзгор будан на танҳо ба шогирдон дониш ва малака омӯхтан аст, балки ташаккули маънавиёт, ҷаҳонбинии эстетикӣ ва эҷодиёти онҳо мебошад. Ҳар як устод бо меҳнат ва ҳидоятҳои худ роҳҳои нави эҷод ва фикрро дар ниҳоди донишҷӯ мекушояд ва қалбҳои шогирдонро бо муҳаббат ба санъат ва фарҳанг бедор месозад. Ҳар рассом ва тарроҳе, ки аз муассисаи мо баромадааст, намунаи заҳмат ва садоқати Шумо – омӯзгорон мебошад.
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ифтихор иброз медорад, ки устодони мо бо малакаи эҷодӣ, таҷрибаи бой ва масъулиятшиносии баланд насли наврасро дар руҳияи созандагию меҳанпарастӣ ва зебоишиносӣ тарбия менамоянд. Имрӯз шогирдони донишкада дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун рассом, дизайнерҳо ва мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу санъат фаъолият дошта, саҳми арзандаи хешро дар рушду шукуфоии санъат ва фарҳанги миллӣ гузошта истодаанд.
Саҳми омӯзгорон дар рушди санъат ва дизайн танҳо ба омӯзиш маҳдуд намешавад. Устодон бо роҳбарӣ ва машваратҳои худ донишҷӯёнро ба эҷоди бадеӣ водор мекунанд, тарзи фикр ва навовариро ба онҳо меомӯзанд, ҳамчунин барояшон илҳоми эҷодӣ ва ҳисси масъулиятшиносии миллӣ мебахшанд. Ҳар як асари рассом ва ҳар як лоиҳаи тарроҳи ҷавон натиҷаи меҳнат, ҳидоят ва машваратии омӯзгорон мебошад.
Маҳз заҳмати омӯзгорони муассиса имрӯз садҳо эҷодкорони ҷавонро ба арсаи муаррифӣ баровард ва онҳо бо эҷодиёти худ номи Тоҷикистонро ҳамчун ватани санъат ва фарҳанг боз ҳам баланд бардошта истодаанд. Ҳар як намунаи кори шогирд, ки дар намоишгоҳҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ иштирок мекунад, маҳсули кӯшиш ва роҳнамоии устодонаш мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба неруи зеҳнӣ ва саҳми омӯзгорону муҳаққиқони муассисаҳои таълимии кишвар эътимоди бузург доранд ва онҳоро ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа мешиносанд. Ин эътимод моро водор месозад, ки бо масъулияти бештар ва садоқати комил дар тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ташаккули кишвари пешрафта саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми омӯзгор ҳамеша воло ва арзишманд мебошад. Устодон на танҳо масъулияти омӯзиш ва тарбияи насли наврасро ба дӯш доранд, балки ҳамчун равшангарони роҳи оянда ва тарбиятгарони насли ватандӯст, инсонпарвар ва дорои ғуруру маънавиёти миллӣ шинохта мешаванд.
Бо боварии комил изҳор медорам, ки Шумо – омӯзгорони азиз, минбаъд низ бо заҳмат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҷодиёти худ дар рушду шукуфоии санъат, дизайн ва кишвари азизамон саҳми арзанда хоҳед гузошт. Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, ба Шумо комёбӣ, саломатӣ ва рӯҳбаландӣ орзу менамоям.