Saturday, December 21, 2024

Китобхона

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфтааст. Таъсису фаъолияти китобхонаи он низ маҳз ба ҳамин сана мувофиқ аст. Ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои таъсисёбиаш ин махзани дониш аз фаъолияту пайкори пайваставу пурсамари худ дарак медод. Дар ин ибтидо китобхона фарогири 200  адад адабиёт ва он ҳам тахасусӣ буд. Шумораи хонандагон (аъзо) сараввал 43 нафарро  ташкил медод.

Баъдан,  барои китобхона иморати махсусе бо толори хониш барои 30-40 нафар хонанада ва хазина ҷудо карда шуданд, ки он алакай фарогири тақрибан 3939  нусха китоб ба маводи таълимиро ташкил медод. Дар таъсиси хазинаи китобхонаи донишкада китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумхурӣ назаррас аст. Захираи асосии китобхона бо ташаббуси раёсат ва устодони донишкада мунтазам ғанӣ гардонида мешавад. Махсусан, устодон Нарзибеков Н., Хоҷаев Ф., Миршакаров М., Мамадқулов Я., Шералиев ва бевосита аз тарафи оилаи рассоми халқии Тоҷикистон шодравон Зуҳур Ҳабибуллоев ҳудудан, 234 китоби дарсӣ ба китобхона ворид гардиданд. Адабиёти аз ҷониби оила шодравон Зуҳур Ҳабибуллоев воридгашта дар китобхона як гӯшаи ҷолиберо барои ихлосмандони санъати мусаввирӣ ташкил медиҳад.

 

Ташкили намоишгоҳҳо, тартиб додани рӯйхати тавсиявии адабиёт, рӯйхати фанҳое, ки дар донишкада омӯзонда мешавад, ташкили тафсири библографӣ, гузаронидани маҳфили адабиёт, гузаронидани баҳс ва муҳокимаҳои китобҳо қисми таркибии кори китобхона ба ҳисоб меравад. Китобхона пайваста рушд  меёбад.

Хазинаи китобхона тақрибан, 3022 нусха китобҳои электронӣ дорад. Донишҷӯён ҳамарӯза аз китобхонаи электронӣ (16 ҷойи нишаст) истифода мебаранд.

Дар китобхона феҳрист (алифбоӣ, соҳавӣ) вуҷуд дорад, ки он кори ҳам китобдор ва ҳам донишҷӯёнро дар интихоби адабиёт осон мегардонад.

Дигар идораю муасисаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табаддули байналмилалии китобҳо мувофиқи тартиби муаянгардида ба ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида, барои амалӣ гардонидани барномаҳои байналмилалӣ, китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат варзанд., (ҚҶТ аз 31.12.08 с  №479).-мустақилона манбаҳои пуррагардонии фондҳои худро муйаян намоянд; -тибқи тартиби хориҷкунии ҳуҷҷатҳо, ки бо муассисони китобхонаҳо мувофиқа карда мешавад ва инчунин, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоро аз фондҳои худ бароварда ба фурӯш расонанд. Дар айни замон китобхона сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият ҳуқуқ надоранд. Ҳуҷҷатҳои ба обектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ доштаро, ки низоми муҳофизат ва истифодабарии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, аз ҳисоб бароварда ба фурӯш расонад; – ба шабакаҳои гуногуни итилоотӣ, аз ҷумла умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт) –ҳои электронии худро кушоянд.

 

(ҚҶТ аз 29.12.10 с  №679)

Китобхонаҳо  дар харидори кардани ҳуҷҷатҳое, ки тибқи барномаҳои давлатии чопи китобҳо интишор мегардад, инчунин дар навбати аввал харидори кардани асноди китобхонаҳои барҳамдодашуда ҳуқуқи бартариятнок доранд.

Моддаи 12. Уҳдадориҳои китобхонаҳо дар фаъолияти худ китобхона ба амалбарории ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки қонуни мазкур муқарар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонаҳо ба истифодабарандагон тибқи оинномаҳои худ, қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонанд.

Китобхонаҳое (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқи ва шаклҳои моликияташон), ки дар фондҳои худ нашрияҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ тааллуқдоштаро доранд, барои сабти саривақтии онҳо дар феҳристҳои маҷмӯавӣ ва бақайдгирии онҳо ҳамчун падидаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин барои ворид намудани онҳо ба баъзан автоматикунонишудаи маълумот дар доираи барномаҳои давлатии ҳифз ва рушди фарҳанг масъул мебошанд.

СОХТОРИ КИТОБХОНА

Мудири китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) – аз се корманд иборат аст.

Шуъбаҳои китобхона:

  • Шуъбаи коркард ва тартиб додани феҳрист;
  • Шуъбаи нашрияи даврӣ;
  • Шуъбаи китобхонаи электронӣ;

ДАСТГОҲИ МАЪЛУМОТДИҲӢ – БИБЛОГРАФӢ

  1. Феҳристи хизматӣ
  2. Аз рӯйи алифбо
  3. Дастур аз рӯйи алифбо ва фанҳо ба феҳристи мураттаб;
  4. Картотекаи системавии мақолаҳо
  5. Феҳристи нашрияҳои даврӣ
  6. Феҳристи электронӣ (китобҳо, мақолаҳо, рисолатҳо, авторефератҳо)
  • “ Китобҳо” (ретроспектива);
  • “Воридоти нав” (китобҳо);
  • “Таърихи ДДСТДТ”;
  • “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (китобхо мақолаҳо).

Китобхона ба донишҷӯён, ҳайати професорону омӯзгорон ва кормандони дигари донишкадаҳо хизмат мерасонад.

Он ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ва дигар ташкилотҳо афзалият дорад.

Моддаи 6. Ҳуқуқ барои фаъолияти китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷуҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳо таъсис диҳанд шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар фаъолияти шӯроҳо сарпарастон, истифодабарандагони китобхонаҳо ва ё дигар навҳои иттиҳодияҳои хонанадагон, ки бо мувофиқаи роҳбарони китобхонаҳо ва ё муасисони онҳои созмон дода мешавд, ширкат                                       варзанд.

Кормандони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд мусоидат карда барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳиди касбӣ ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ осотсиатсияҳо созмон диҳад.

Шаҳрвандоне, ки дар моликияти хусусиашон маҷмӯӣ ҳуҷҷатҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияхои ба объектҳои меросӣ мансубиятдоштаро доранд, ба шарте, ки ин маҷмӯаҳо аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии дахдори ҳокимияти иҷроӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят , шаҳр, ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунӣ ба сифати объектҳо мероси таърихию фарҳангӣ сабт гардидаашон, ҳуқуқи аз ҷониби давлат дастгирии таъмини муҳофизатро доранд.

(ҚҶТ  аз 31.12.08 с №479)

Моддаи 7.Ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад, ки ба таври ройгон дар ҳамагуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад. Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:

Бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гардад; ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библографӣ, хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оварад; ба таври ройгон ҷихати ҷустуҷӯ ва интихоби манъбаҳои иттилоот ёрии машваратӣ гирад ба таври ройгон  ё бо музд аз фондҳои китобхонаҳо ба муҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхона муқарраргардида барои истифодаи мувафаққияти ҳамагуна ҳуҷҷатро дастрас намояд, тавассути абонименти байникитобхонавӣ ҳуҷҷатҳо  ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оварад: аз дигар навъҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок, ки номугӯйи онҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.

Дар китобхонаҳои давлатӣ вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот истифодабарандагони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд аз хизматрасони китобхонаҳо ва гирифтани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ , русӣ ва диграр забонҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ амалкунанда баҳравар гарданд.