Дирӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои маҳфили илмӣ-эҷодии назди Раёсати Донишкада – “Саҳми тоҷикон дар рушди олами тамаддун” нишасти навбатӣ дар мавзӯи “Аслиддин Низомов ва илми санъатшиносии тоҷик” баргузор гардид.
Дар маҳфил дар баробари роҳбарият устодону кормандони муассиса, инчунин Ҳаётой Муъминова – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, Урун Кӯҳзод- Нависандаи халқии Тоҷикистон, Исматулло Холиқов – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Хосияти Зарафшонӣ – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Сабзаали Муродзодаи Шариф – Рассоми халқии Тоҷикистон, Сайфиддинов Анваршо – Арбоби ҳунар Тоҷикистон, Шамсиддин – Муҳамадиев муовини директори Инистути забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ АМИТ ва дигар алоқамандони соҳаи санъатшиносӣ иштирок намудаанд.
Маҳфилро бо сухани муқаддамавӣ ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профсессор Ҷамшед Ғанизода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов яке аз сермаҳсултарин муҳаққиқони мусиқӣ, фарҳанг ва санъати тоҷик буда, дар таҳқиқотҳои арзишманди хеш мавзуъҳои назарии мусиқӣ, анъанаҳои меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ, иртиботи таърихии мақомҳо, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳимми мусиқиву санъатшиносии тоҷикро баррасӣ намудааст.
Дар идомаи маҳфил Хостихудоева Оиша – омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ, дар мавриди “Саҳми Аслиддин Низомов дар рушди санъатшиносӣ” маърӯза намуда. Ба зикри мавсуф, муҳаққиқ Аслиддин Низомов аз ҷумла чеҳраҳои маъруф дар самти пажӯҳиш ва таҳқиқи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба шумор рафта, ин донишманди шинохта пайваста дар соҳаи илмӣ ва маърӯзаву гузоришҳои худ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳунари қадимӣ ва ҷамбаҳои нодири мусиқии классикии халқи тоҷик, ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадимиро доир ба мусиқии тоҷик мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Ӯ муаллифи садҳо мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, осораш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ нашр шудаанд.
Сипас, дигар иштирокдорон роҷеъ ба рӯзгору осор ва фаъолияту дастовардҳои Аслиддин Низом