Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов” ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар толори калони донишкада ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Дизайн” Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, ҳозиринро ба ин муносибат табрик гуфт.
Сипас, ба табрикот раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов ҳамроҳ шуда, зикр намуданд, ки муассиси ин ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва он тӯли фаъолияти бистушашсолаи худ дар пешбурди ҷомеаи Тоҷикистон, дар маҷмуъ, рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, саҳми муносиб гузоштааст.
Муовини ректори донишкада, доктори илмҳои таърих, профессор Муродалӣ Иброҳимов доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сухан ронд.
Дар ҷамъомад ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб ифтихорномаву сипосномаҳо супурда шуданд.
Дар анҷом санъаткорони донишкада ва коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд.