Ҳашаре, ки ин рӯзи шанбе дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки беш аз 100 нафар кормандони бахшҳои гуногун барпо гардид, ба тозакории ҳавлию атрофи бинои асосии таълимӣ ва нигоҳубини гулу бутта ва ниҳолу дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғу гулгашти саҳни ҳавлии дохилии донишкада бахшида шуд.
Ҳашарчиён ҳавлию атрофи бинои асосии таълимии донишкадаро рубучину поккорӣ карда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳандаи боғчаи дохилию роҳраву гулгаштҳоро об доданд.