Беш аз 150 нафар донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси худ рӯзи якшанбеи гузашта ба истиқболи фасли баҳор дар бинои асосии таълимӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ва хобгоҳи донишкада дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе, ба ҳашари умумидонишкадавии тозакорӣ, батартибдарорӣ, нарм кардани бехи ниҳолон ва сабзу хуррамгардонии ҳавлию гирду атрофи ҳарду мавзеъ баромаданд.
-Миёни мардуми мо анъанае роиҷ аст, ки бо наздик омадани иду айём ва фарорасии фасли баҳор ҳавлӣ ва дару девори хонаву кошонаи худро ба тартиб дарованда, тозаву озода мекунанд. Аз ҳисоби рӯзи истироҳат дар чанд соати аввали рӯз дар дохилу атрофи бинои асосии таълимӣ ва ҳам хобгоҳи донишкада бо қувваи донишҷӯёну омӯзгорон корҳои зиёди тозакорию ободонӣ анҷом дода шуданд. Дидани тозагию озодагии атроф бошад, ба худи донишҷӯён дар таҳсил илҳоми тоза мебахшад, – мегӯяд яке аз дастандаркорони маъракаи ҳашар мудири бахши ҷавонони донишкада Наврӯз Саидов.