Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори муассиса бо Ҳусейн Нуруддин Ҳаҷ Ҳусейнӣ, менеҷери генералии Ширкати байналмилалии Pegah Paya Entrepreneurs (MACAP)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хонум Судобаи Созманд, узви аршади ширкати мазкур, баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот ректор дар мавриди фаъолияти муассиса маълумот дода, қайд намуд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои тахассусии таҳсилоти олии касбии аз соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад.
Қайд гардид, ки дар муассиса таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 31 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯйи 15 ихтисос ба роҳ монда шуда, Донишкада аввалин муассисаи давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисони сатҳи олиро тайёр мекунад.
“Сохтори таълимии муассиса аз 3 факултет, 7 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ, лабораториву озмоишгоҳ ва дигар бахшу шуъбаҳои марбут ба раванди таълим иборат буда, дар баззаи мазкур мутахассисон аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн омода карда мешаванд”, – гуфт ректори Донишкада.
Дар идомаи дидор Ҳусейн Нуруддин Ҳаҷ Ҳусейнӣ, иттилоъ дод, ки Ширкати байналмилалии Pegah Paya Entrepreneurs (MACAP)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чандин кишварҳои муттарақии олам дар самти баргузории намоишу фестивал ва дарсҳои маҳорат аз рӯи равияҳои муд ва зебоӣ таҷриба дошта, дорои беш аз 1000 мураббии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни муд, тарроҳӣ, дӯзандагӣ ва ороиши намудҳои гуногуни матоъ ва либос мебошад.
Дар мулоқот пешниҳод шуд, ки дар оянда миёни ширкати мазкур ва Донишкада табодули таҷриба дар самти омӯзиши нозукиҳои муду тарроҳии либос, баргузор намудани фестивалу ҳамоишҳои муштарак ва дарсҳои маҳорат бо иштироки мураббиёни ширкат дар донишкада ва омӯзгорони Донишкада дар пойгоҳҳои ширкат сурат гирад.
Ҳамзамон, даъват шуд, ки ҷонибҳо минбаъд дар чорабиниҳои ҳамдигар иштирок намуда, донишу таҷриба ва имкониятҳояшонро муаррифӣ созанд.