Хабари дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул дар назди мактаби духтарона дар натиҷаи таркиши се бомба ба ҳалокат расидани 85 нафар ва маҷрӯҳ гардидани 150 нафар, ки аксарият духтарони 11-15 – сола ҳастанд, моро хеле мутаассиру ғамгин кард. Ин ҳамлаи ваҳшиёнаи террористӣ дар кишвари ҳамсоя ғазаб ва нафрати тамоми мардуми Тоҷикистонро ба бор овард.
Раёсат, донишҷӯдухтарон ва занони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, кулли кормандони донишкада ин амали террористиро дар рӯзҳои моҳи шарифи рамазон ҷинояти сангинтарин дониста, қатъиян маҳкум менамоем.
Дар ин ҷанги беш аз 40-сола, ки дар кишвари шумо идома дорад, мо ҳамеша бо ёди шумову ҳамдарди шумо, бо шумо будему ҳастем, хоҳарону бародарони азияткашидаи афғон!
Раёсат ва Шӯрои
занони Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон