Thursday, September 18, 2025

Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия

Сардори шуъба

Сайфуллоева Шаҳноза Иззатуллоевна

Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия яке аз сохторҳои муҳими Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, роҳбарӣ ва назоратро аз болои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, илмӣ-эҷодӣ ва илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, инчунин татбиқи барномаҳои таълимию илмӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура (аз рӯи ихтисоси доктори PhD) ба зимма дорад.

Фаъолияти шуъба тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, дар самти ҷалби бештари омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-эҷодӣ ва таҳқиқотӣ саҳми назаррас мегузорад.

Айни замон, дар Донишкада мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки дар байни онҳо арбобони ҳунари Тоҷикистон, барандагони мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хизмати шоиста” низ фаъолият менамоянд. Ин нукта далели сатҳи баланди омодагии кадрҳо ва сифати таълим дар муассиса ба ҳисоб меравад.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 дар муассиса чунин намоишҳо гузаронида шуданд:

13.01.2025 дар толори Донишкада намоиши асарҳои эҷодии устодон ва шогирдони кафедраи графика “Ёди ёри меҳрубон…” баргузор гардид;

20.02.2025 зери унвони “Пайроҳаи эҷодӣ”  намоиши инфиродии асарҳои рассом омӯзгор Искандаров Ҳасан гузаронида шуд;

12-13.04.2025 омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ дар намоиши “Ҳунарҳои мардумӣ” дар мехмонхонаи “Румӣ” иштирок намуданд;

15.04.2025 иштироки рассомон – омӯзгорони муассиса дар маросими ифтитоҳи намоиш таҳти унвони “Роғун – кохи нур” дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон;

18.03.2025 намоиши ҷумҳуриявӣ асарҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”;

17.04.2025 дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳи намоиши асарҳои эҷодии рассоми ҷавон Муҳаммад Ҳикматзода таҳти унвони «Накҳати баҳор»;

3.05.2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти шоҳасари безаволи адабиёти тоҷику форс “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Ҳифзи Шерозӣ намоиши асарҳои рассом – миниатурнигор, омӯзгор Олим Камолзода баргузор шуд;

– Иштироки асарҳои омӯзгорон-рассомон Суюнов Э.С. ва Боймуродов Б.Р. дар намоиши Осорхонаи Шанхай Ҷумҳурии Халқии Чин таҳти унвони “Девори бузургӣ Чин”.

ФЕСТИВАЛ

12.05.2025 дар толори Донишкада фестивали мӯд таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор гардид

Таҳлили ҷамъбасти фаъолияти эҷодӣ дар Донишкада

Чорабиниҳо Дар нимаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 Дар нимаи дуюми соли таҳсили 2024-2025
1 Намоишҳои эҷодии рассомон-омӯзгорон 8 8
2 Фестивал 1 1
  Ҳамагӣ 8 8

ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ

07.01.2025 ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Аҳамияти таърихии ҷашни Сада” дар китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи илм, робитаҳои эҷодӣ ва инноватсия доир шуд.

18.01.2025 дар толори китобхона бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён “Хониши сиёсӣ аз рӯи асарҳои Пешвои миллат дар факултети дизайн” гузаронида шуд.

24.01.2025 дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар китобхонаи Донишкада ҳамоиш таҳти унвони “Арзишҳои илмию тарбиявии асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.

09.04.2025 кафедраи графика ва миниатюра семинари илмӣ дар мавзӯи “Нақши рассом-ороишгари китоб дар роҳи бардоштани завқи эстетикии хонанда” баргузор намуд.

Таҳлили ҷамъбасти чорабиниҳои илмӣ дар Донишкада

Чорабиниҳои илмии Донишкада Дар нимсолаи соли таҳсили 2023- 2024 Дар нимсолаи соли таҳсили 2024- 2025
1 Теъдод 5 4
  Ҳамагӣ 5 4

КОНФЕРЕНСИЯҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ҶУМҲУРИЯВӢ, ДОНИШКАДАВӢ, КАФЕДРАВӢ, МАҲФИЛ ВА МИЗИ МУДАВВАР

БАЙНАЛМИЛАЛӢ

23.04.2025 конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» баргузор гардид.

ДОНИШКАДАВӢ

12.04.2025 конференсияи илмӣ – назариявии  кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод таҳти унвони “Муаммоҳо ва самтҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, иқтисод ва равандҳои сармоягузорӣ дар инкишофи илму маориф аз нигоҳи олимону муҳаққиқон” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  баргузор гардид.

04.04.2025 конференсияи донишкадавӣ таҳти унвони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

15.04.2025 аз ҷониби кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ конференсияи кафедравӣ таҳти унваони “Санъати ороиши амалӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ” баргузор карда шуд.

МАҲФИЛ

02.01.2025 маҳфили илмӣ-эҷодии раёсати Донишкада таҳти унвони «50 соли фаъолияти  Комилов Саидбек дар самти таълиму тарбия» гузаронида шуд.

02.01.2025  маҳфили илмӣ-эҷодии раёсат таҳти унвони “Бахшида ба фаъолияти Рассоми халқи Тоҷикистон, профессор Зуҳур Нурҷонович Ҳабибуллоев” баргузор шуд.

Таҳлили ҷамбасти конференсияҳо, маҳфилҳо ва мизи мудаввар дар Донишкада

  Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили

2023-2024

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили  2024-2025
1 Байналмилалӣ 1 1
2 Ҷумҳуриявӣ
3 Дохили донишкадавӣ ва инфиродӣ 4 3
4 Маҳфил 1 2
5 Мизи мудаввар
  Ҳамагӣ 5 6

ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025  МАҚОЛАҲОИ ЗЕРИНИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ, ОММАВӢ, ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМИ-МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСА

Мақолаҳои илмӣ-назариявӣ:

  1. Валиев Э.Н., Ҳалимов М.Ҷ. “Таҳсири меъёрҳои анъанавӣ ва динӣ ба мақоми занони тоҷик дар шароити Истиқлолият” // Маводи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Валиев Э.Н., Ҳалимов М.Ҷ. “История и эволюция дизайна интерьера: от классики до современных направлении” // Донигоҳи технолоии Тоҷикистон;
  3. Валиев Э.Н., Ҳалимов М.Ҷ., Исмоилов И.Н. “Дизайн интерьера историческом контексте: от тардиционной архетектуры к современным жилым и общественным пространствам Таджикистана” // Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ;
  4. Эшонқулов А.А., Акрамова Н. Истифода намудани формулаҳои математикӣ барои автоматизатияи ҳуҷҷатҳои расмии соҳаи маориф. // Маводи конференсияи илмию-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши рақамкунонӣ ва низомҳои зеҳнӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Саҳ. 399-403
  5. Файзулоева М. Кароматова Т. Ҷамбаҳои назариявииназорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маҷалаи илми Паёми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба чоп баромад.
  6. Сайфуллоева Ш.И. Роза Яковлевна Расудова и её вклад в этнографическое изучение традиционного уклада жизни народов Зеравшанской долины / Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Фарҳанги либоси миллӣ” бахшида ба 100-солагии мардумшиносони шинохта З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова 30.004.2025
  7. Ёғибекова Б.Т. Рушди таҳқиқотҳо оид ба либоси мардумии тоҷикони ВМКБ дар давраи Шӯравӣ/ Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Фарҳанги либоси миллӣ” бахшида ба 100-солагии мардумшиносони шинохта З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова 30.004.2025
  8. Сафарова З.А. Чакан – мероси ниёгон / Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Фарҳанги либоси миллӣ” бахшида ба 100-солагии мардумшиносони шинохта З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова 30.004.2025
  9. Иброҳимов М.Ф. Народный костюм в иследованиях Р. Я. Расудовой / Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Фарҳанги либоси миллӣ” бахшида ба 100-солагии мардумшиносони шинохта З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова 30.004.2025

Санаи 23- юми апрели соли 2025 дар муассиса дар асоси нақшаи корӣ, чун анъана, конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» баргузор  гардид, ки дар он зиёда аз 70 мақола пешниҳод шуда буд. Аз кафедраҳои факултети санъати тасвирӣ 10 мақола, аз кафедраҳои факултети дизайн 19 мақола, аз кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ 11 мақола, аз ҷониби магистрант 10 мақола ва аз ҷониби доктор PhD аз руий ихтисос 1 мақола пешниҳод шуд.

Инчунин, дар конференсия аз Донишгоҳҳои Тоҷикистон 6 мақола пешниҳод шуд, ки аз конференсияи соли 2025 2 (8) мақола кам аст. Аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – 1 мақола, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  – 1 мақола, Филиали донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе-1 мақола, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 мақола ва Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ– 2 мақола пешниҳод шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Донишгоҳҳои хориҷа 17 мақола пешниҳод шуд, ки аз соли гузашта 9 (8) мақола зиёд мебошад, аз ҷумла аз  Федерасияи Россия 7 мақола (Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург – 3, Институти дизайни муҳити фазоӣ, Донишгоҳи федералии Қазон-2, Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати Новосибирск ба номи A. Д. Крячкова-2), шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 мақола (Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро -6 ва  Донишгоҳи “ЯНГИ АСР” шаҳри Тошкент -1 ), Ҷумҳурии Озарбойҷон – 3 мақола (Институти меъморӣ ва санъати Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон).

Дар ин давра аз тарафи омӯзгорон мақолаҳои оммавии зиёд ба нашр расонида шуданд:

  1. 01.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи графика ва миниатюра ба номи Фаррух Хоҷаев Саидов Н. мақола ба номи “Рассом ва омӯзгор” иншор намуд;
  2. 01.2025 аз ҷониби Ғанизода Ҷ.Ш. дар АМИТИ “Ховар” мақола ба номи “Пайёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминҳои он”;
  3. 01.2025 аз ҷониби омӯзгорони кафедраи санъатшиносӣ Сайфуллоева Ш.И., Ганибаева С. З. мақолаи  ба номи “Негативное влияние коррупция на воспитание молодёжи”;
  4. 02.2025 аз ҷониби муаллими калони кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитари Пиров Т.М. мақола бо номи “Нигоҳи иҷмолие ба коррупсия, фаҳми он ва мубориза бар зидди ин падида”;
  5. 02.2025 аз ҷониби н.и.п., дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитари Усмонов С. мақола бо номи “Коррупсия зуҳуроти номатлуб”;
  6. 02.2025 аз ҷониби ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Раҷабов А.Р. мақола ба номи “Хавфи коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ”;
  7. 02.2025 аз ҷониби ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Эҳромуддини Ҳ. Бо номи “Зарарҳои ҳолатҳои корупсиони дар соҳаҳои системаи иттилоотӣ”;
  8. 02.2025 аз ҷониби муаллими калони кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитари Пиров Т.М. мақола бо номи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030-қадами муҳим дар роҳи мубориза бо коррупсия”;
  9. 02.2025 аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Давлатзода Г.Ш. мақола бо номи “Мубориза бо коррупсия-амали дастаҷамъӣ”;
  10. 03.2025 аз ҷониби омӯзгорони муассиса Сафарова З.С., Файзуллоева М.М. мақола бо номи “Модар сарчашами ҳаёт”;
  11. 03.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ Сафарова З.С. мақола бо номи “Модар фаришта аст”;
  12. 02.2025 аз ҷониби муаллими калони кафедраи тарҳрезии бадеии либос Валиева М.Ҷ. мақола бо номи “Барномаҳои таълими зиддикоррупсионӣ ва таъсири он ба ташаккули назарияи ҷамъиятӣ”;
  13. 02.2025 аз ҷониби омӯзгорони кафедраи санъатшиносӣ Ёғибекова Б.Т., Хостихудоева О.Ҳ. мақола бо номи “Заминаҳои таърихии ташаккули омилҳои коррупсионӣ”;
  14. 02.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Маҳваш Сафолова мақола бо номи “Коррупсия: монеаи ҷиддӣ дар роҳи давлатдорӣ”;
  15. 02.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ Раҳмонов Ҷ.Т. мақола бо номи “Коррупсия – пурташвиштарин масъалаи замони муосир”;
  16. 02.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи дизайн ва меъморӣ Умарова З. бо номи “Борьба с коррупции в сфере оброзования”;
  17. 02.2025 аз ҷониби омӯзгори кафедраи графика ва миниатюра ба номи Фаррух Хоҷаев Наврӯз Саидов мақола бо номи “Коррупсия ва оқибатҳои таъсири он ба тамоми соҳаҳои ҷомеа”;
  18. 03.2025 мақола дар шабакаи интернет таҳти унвони Аз муҳаббат талхҳо ширин шаванд аз ҷониби омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Фирӯз Ҳаитов;
  19. 03.2025 мақола дар шабакаи интернет таҳти унвони Тоҷикистону Қирғизистон: қадами наву муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби ректори муассиса Ҷурахонзода С.Ш.;
  20. 03.2025  мақола дар шабакаи интернет таҳти унвони Наврӯз – ҷашни миллию ҷаҳонии тоҷикон аз ҷониби муаллими калони кафедраи санъатшиносӣ Ёғибекова Б.Т.;
  21. 03.2025  мақола дар шабакаи интернет таҳти унвони К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст…. аз ҷониби   н.и.ф-м.  Эшонқулов А.А. ба нашр бароварда шуд.
  22. 03.2025 аз ҷониби н.и.м-ф. кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Эшонқулов А.А. мақола ба номи “К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст….”;
  23. 03.2025 аз ҷониби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода С. Ш. мақола ба номи “Тоҷикистону Қирғизистон: қадами наву муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дуҷониба”;
  24. 03.2025 аз ҷониби Ҳаитов Ф. мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонмақола ба номи “Аз муҳаббат талхҳо ширин шаванд” дар сомонаи муассиса иншор гардид.
  25. Дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” мақолаи оммавӣ бо номи “Нақшофар” аз ҷониби Ёғибекова Б.Т. дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расиданд.

 

  Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025
1 Мақолаҳои илмӣ 80 59
2 Оммавӣ 7 25
  Ҳамагӣ 87 88

 

НАШРИ МОНОГРАФИЯ, КИТОБ, ДАСТУРИ МЕТОДӢ ВА ТАЪЛИМӢ

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 аз ҷониби омӯзгорони Муассиса 2 манаграфия, як китоб ва 6- дастури таълимӣ пешниҳод шуда буд. Айни замон онҳоро барои чоп ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

 

МАҲФИЛ ВА ДАРСҲОИ МАҲОРАТИ КАСБИ ДАР КАФЕДРАҲО

Дар умум, кафедраҳои факултети санъати тасвирӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024–2025 баргузории 15 маҳфил ва 11 дарси маҳорати касбиро ба нақша гирифта буданд, ки то ба имрӯз 15 маҳфил ва 10 дарси маҳорати касбӣ баргузор гардидааст.

Номи кафедра Номи маҳфил Маҳфил Дарсҳои маҳорати касбӣ
1 Кафедраи санъатшиносӣ “Дунёи санъат” 8
2 Кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Ф.Хоҷаев “Рассоми беҳтарин” 3

 

3
3 Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ “Мусаввир”   3/1
4 Санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ “Эҳёи ҳунар” 4 4
  Ҳамагӣ   15 10

Кафедраҳои факултети дизайн дар ҳамин давра 6 маҳфил ва 10 дарси маҳорати касбӣ ба нақша гирифта, то имрӯз 6 маҳфил ва 7 дарси маҳорати касбӣ амалӣ намудаанд.

Номи кафедра Номи маҳфил Маҳфил Дарсҳои маҳорати касбӣ
1 Кафедраи технологияи итттилооти ва иқтисод “Менеҷер ва барномасозӣ ҷавон” 6

 

2 Кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов “Дизайн”   4/1
3 Кафедраи тарҳрезии бадеии либос “Ман ва дизайн”   3/2
  Ҳамагӣ   6 7

Ҳамзамон, дар назди кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ 5 маҳфил амал мекунад. Дар маҷмӯъ, тибқи нақша дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024–2025 34 маҳфил пешбинӣ шуда, то ҳол 16 маҳфил баргузор гардида, мутаассифона 18 маҳфил аз ҷониби кафедраҳо амалӣ нашудааст.

Роҳбари маҳфил Номи маҳфил Маҳфил
1 Муаллими калони кафедра Акбарова Д.С. “Художественное слово” 4/4
2 Омӯзгори кафедра  Ҳамидова Д.Р. Бо забони англиси ҳарф мезанем (Let´s speak English) 4/4
3 Омӯзгори кафедра Шарипов Н.Я. Ҳуқуқшиноси ҷавон 1/7
4 Ассистенти кафедра Сафолова С. Ҳ. Забоншиноси ҷавон 3/2
5 Омӯзгори кафедра Камолов С.Э. Шоҳномахонӣ 4/1
  Ҳамагӣ   16

Дар баробари ин, дар назди китобхонаи Донишкада маҳфили “Дӯстдорони китоб” низ фаъолият менамояд, ки тибқи нақша баргузории 5 маҳфил дар нимсолаи дуюми соли таҳсил пешбинӣ шуда, то имрӯз 4 маҳфил гузаронида шудааст.

 

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

19.02.2025 омӯзгори кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Ф. Хоҷаев Темурзода Музаффар дар озмуни “Муаллими сол” сазовори ҷойи дуюм гашт.

Дар озмуни байналмилалии рассомони наврас таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо” бахшида ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” аз кафедраи дизайн ва меъморӣ- 7 нафар; кафедраи санъати ороиши амалӣ – 7 нафар; кафедраи тарҳрезии бадеии либос – 1 нафар ва маркази бачагонаи рассомӣ 7 нафар ҷамъ аз  Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон”  22 нафар донишҷӯёну шунавандагон иштирок намуда онҳо 1 нафар сазовори ҷойи сеюм (Гулматова Ш. магистранти курси 2-юми ихтисоси санъати ороиши амалӣ) ва 5 нафар сазовори дипломҳо (Шогунбеков М., Якубзода А., Ахмедова Ф., Раҳмонзода М., Ашурова Ш.) гаштанд. Дар соли 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”  аз ҷониби Донишкада 73 нафар  донишҷӯён иштирок намуда истодаанд.

Дар озмуни “Ҳифзи пиряхҳо” дар Донишкадаи технологии Тоҷикистон ба номи М.С.  Осимӣ ҷойи якум Яқубзода А. ва ҷойи дуюм Маҳмадҷонова К. ишғол намудаанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври муассисавӣ аз ҷониби комиссия 14 – нафар пешниҳод шуд, ки ба даври ноҳиявӣ 3 нафар (дар номинатсияи адабиёти классикаи тоҷик Қодирова Мафтуна Мансурҷоновна, Ҷалилзода Аҳдия Ҳабибуллова номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Саидова Лайло Хуршедовна) роҳхат гирифтаанд ва мутаассифона, ба даври шаҳри нагузаштанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”  дар даври муассисавӣ 35 нафар иштирок намуданд, ки аз онҳо ба даври ноҳиявӣ 15 нафар  роҳхат гирифтанд (дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ: Қурбонзода Ораш Резвонҷон, Ҳасанзода Ориф Наҷмиддин, Иброҳимзода Нурмуҳаммад Низомиддин, Назаров Шеравкан Фирӯзҷонович, Раҳматзода Шарифҷон Рустам. Дар номинатсияи математика (арифметика, алгебра,геометрия): Кабиров Кабирҷон Абдулҳалимович, Бобохонова Анора Ҷамолиддиновна, Ҳабибуллозода Меҳрубон, Шафоатов Одил Элмуродович, Миралиев Халил Илхомович, Эргашов Баҳром. Дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ: Субҳонқулов Маъсуд Наимович, Додобоев Аслиддин Алишерович. Дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ду омӯзгор  кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Раҷабов А. Р. ва Муродаи Р.Қ.). Бо вуҷуди иштироки фаъолонаи довталабон, мутаассифона, дар даври ноҳиявӣ ягон нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нагардид.

Қобили зикр аст, ки иштироки фаъоли донишҷӯён ва омӯзгорон дар чунин озмунҳо имконият фароҳам меорад, то сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣ дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, математика ва барномасозӣ мукаммал гарданд ва онҳо таҷрибаи бештар касб намоянд. Аз ҷумла, аз ҷониби кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ олимпиадаҳои фаннӣ дар байни донишҷӯён гузаронида шуд, ки аз онҳо 5 нафар (аз фанни забони русӣ 1 нафар (Саматов Муҳаммад), фанни забони тоҷики 1- нафар (Лутфуллоева Нафиса Алиевна), аз фанни забони англисӣ 1- нафар (Шарипова Покизамо) аз фанни информатика ва географияи иқтисодии Тоҷикистон; бо асосҳои демография низ 2 нафари пешниҳод шудаанд.) ба даври сеюм роҳхат гирифтаан.

Дар озмуни “Донандаи асарҳои Пешвои миллат” 3 донишҷӯ (Каримзода М., Дафадоров Д., Хушвахтова С.) ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 21 майи соли 2025 дар Санкт – Петербурги Федератсияи Россия Озмуни XXXII умумироссиягии тарроҳони ҷавон ва тарроҳони либос «Нафаси баҳор» баргузор гашт ва дар он донишҷӯёни ихтисоси санъатшиносӣ Шоева Фотима ва Шоева Зуҳро сазовори ҷойи якум шудаанд.

ТАЙЁР НАМУДАНИ КОРМАНДОНИ ИЛМӢ–ПЕДАГОГӢ

Айни ҳол дар Донишкада 10 нафар унвонҷӯ ва 9 доктори фалсафа (РHD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

БАХШИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КАДРҲО

Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз қисматхои муҳимтарини низоми таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи корҳои эҷодӣ ва  нерӯи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.

Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар кормандони соҳа фаъолият менамояд.

Ҳамасола дар Муассиса аз рӯйи нақшаи дурнамои бахш дар нимсолаи якум ва дуюм курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо гузаронида мешавад ва омӯзгоронро ба дигар муассисаҳо сафарбар карда мешаванд.

Соли ҷорӣ 3 нафар омӯзгорони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод дар Донишгоҳи миллӣ  аз такмили ихтисос гузаштанд.

Дар моҳи апрели соли 2025 15 нафар шунаванда (2 нафар аз мактаби санъати ба номи Миратулло Атоев, 2 нафар аз мактаби санъати ноҳияи Варзоб, 1 нафар аз мактаби санъати шаҳри Кӯлоб ва 10 нафар аз Донишкада) дар равияи санъати тасвирӣ аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификат гашта буданд.

Дар умум дар соли таҳсили 2024-2025 23 шунаванда аз такмили ихтисос гузаштанд.

БАХШИ МАГИСТРАТУРА, АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА

Бахши магистратура ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади марҳила ба марҳила иҷро намудани корҳои раванди таълим, тарбия ва корҳои илмиву таҳқиқотии магистрантон, нақшаи кории бахшро аз 27.08.2024 тасдиқ  намуда онро дар давоми соли хониши 2024-2025 пурра мавриди амал қарор дод.

Шумораи магистрантон: Феълан дар бахш 48-нафар магистрант аз рӯйи 6-ихтисос таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 33-нафар духтарон ва 15-нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд. Аз рӯи шакли таҳсил бошад 37-нафар шартномавӣ ва 11-нафар тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд.

Дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бошад 3-нафар, аз ҷумла 1-нафар дар курси якум ва 2-нафар дар курси дуюм аз рӯйи ду ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи мазкур ҳар серо духтарон ташкил дода, ба тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд.

Дар маҷмӯъ шумораи муҳассилини бахши мазкур 51-нафарро ташкил медиҳад.

 

Бояд қайд намоям, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 22- нафар аз рӯйи 5-ихтисос барои иштирок дар Комиссияи аттестатсионии хатм роҳ ёфта буданд, ки аз инҳо 21-нафар дар аттестатсияи хатм иштирок намуда бо муваффаққият зинаи магистратураро хатм намуданд. Маълумоти пурра вобаста ба натиҷаи хатмро каме поёнтар манзур месозем.

 

Фаъолияти комиссия қабул ва иҷроиши нақша дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар соли таҳсили 2024-2025

 

Соли таҳсили ҷорӣ бо бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни хатмкунандагон, инчунин пахши эълонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар асоси нақшаи қабули ба магистратура аз 110 нафар,  ҳамагӣ 27-нафар қабул гардиданд, яъне нақшаи қабул дар самти мазкур ба андозаи 24,5% иҷро гардид. Шумораи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4- нафар камтар (яъне дар соли 2023 аз 85 нафар 32 – нафар қабул гардид, ки 37,6%-ро ташкил медод ва дар соли 2022 бошад  44- нафар аз 150 нафар қабул гардида буд, ки  29,3%-ро ташкил медод.)  ва аз рӯйи фоизноки бошад 13,1 %  камтар иҷро гардид.

Тибқи нақшаи қабул дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  27-нафар магистрант, аз  ҷумла ба ихтисоси 1-1901010202- Дизайни дохили бино 10-нафар, -19010105- Дизайн (костюм ва газвор) 1-нафар, 1-31030408- WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ 5-нафар, 1-150101-Манзаранависӣ 3-нафар, ихтисоси 1-03010601- Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ.Ихтисоси иловагӣ 5-нафар, ихтисоси 1-26020103-Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ 1-нафар ва ба ихтисоси 1-150201- Санъати ороишӣ-амалӣ 2-нафар дар соли таҳсили 2024-2025 қабул шуданд. Дар доираи қабули магистрантон ва докторантон бо фармоиши ректори Донишкада аз 08.08.2024 №71, №72 “Оид ба таъсис додани комиссияи имтиҳонӣ ва аппелятсионӣ барои қабули довталабон ба бахши магистратура ва докторантура дар соли таҳсили 2024-2025” таъсис дода шуда буд. Инчунин, барои ташкил ва баргузор намудани суҳбату имтиҳонҳо аз ҷониби бахш ҷадвали қабул ва гузаронидани суҳбат дар соли ҷорӣ тартиб дода шуда бо муҳри роҳбари Донишкада тасдиқ гардида буд. Дар асоси ҷадвали мазкур даври якуми суҳбату имтиҳони қабул дар зинаи магистратура санаи 27.08.2024, дар зинаи докторантура санаи 30.08.2024 ва даври дуюм бошад  дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2024 №07(44) 01-344 вобаста муҳлати қабул ба магистратура , ки то сани 30.09.2024 тамдид гардида буд, санаи 01.10.2024 гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи дар самти қабул ба докторантура, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, Донишкада дар соли таҳсили 2024-2025 қабули 8-нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) дар ихтисосҳои санъатшиносӣ ва тарроҳӣ (дизайн) ба нақша гирифта шуда буд.

Дар самти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) танҳо дар ихтисоси 6D 042100- Тарроҳӣ (Дизайн) дар асоси нақшаи қабул 1-нафар докторант қабул карда шуд, яъне нақша дар зинаи мазкур 12,5% иҷро гардид.

Бояд қайд намуд, ки ду соли охир нисбат ба солҳои қабли дар масъалаи қабул ба докторантураи  (PhD) каме пешравӣ ба назар мерасад. Барои мисол дар соли таҳсили 2021-2022 ва 2022-2023 нақшаи қабул дар зинаи докторантура умуман иҷро нагардида буд. Дар соли таҳсили 2023-2024 2-нафар аз 6 нафар қабул гардида буд, ки 33%-ро ташкил медод. Дар соли таҳсили ҷорӣ, яъне 2024-2025 1-нафар аз 8-нафар қабул гардид, ки омори мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5% камтар мебошад.

Лоиҳаи нақшаи нақшаи қабул барои муҳокима ва тасдиқ ба унвонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки дар он 110 ҷой аз ҷумла 23 ҷойи ройгон ва 83 ҷойи пулакӣ аз рӯйи 16-ихтисос пешбинӣ гардидааст. Дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос бошад 8 ҷой  аз ҷумла, 4 ҷойи буҷетӣ ва 4 ҷойи пулакӣ аз рӯйи ду ихтисос пешбинӣ гардидааст.

Бахш бо мақсади иҷроиши нақшаи нақшаи қабул дар соли 2025-2026 миёни хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистратураи муассиса  мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истода,  пахши эълонҳоро низ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нақша гирифта, дар назди худ вазифагузори намудааст, ки иҷроиши нақшаҳои қабулро хубтар таъмин намуда, фоизнокии онро боло бардорад.

Дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура нимсолаи 2-юмро аз омодагӣ ба машғулиятҳои дарсӣ, тартиб додани ҷадвали дарсӣ, ташкил ва сафарбар намудани магистрантон ва докторантони курсҳои курсҳои якум ва дуюм ба таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-педагогӣ, илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, пешниҳоди номзадҳои раисони Комиссияи аттестатсионии хатмро барои хатмкунандагони бахши мазкур ва гузаронидани давраҳои фоизбандии рисолаҳои магистрӣ бо кафедраҳои тахассусӣ корбарӣ намуд.

Тибқи нақша раванди таълим дар бахши мазкур ҷадвали дарсӣ аз 17.01.2025 аз ҷониби шуъбаи таълим тасдиқ гардида буд, ки тибқи он  аз  машғулиятҳои дарсӣ аз 27.01.2025  машғулиятҳо оғоз гардида, то санаи 17.05.2025 идома ёфт.

Давомоти магистрантон мунтазам аз ҷониби бахш назорат карда шуда фоизнокии иштироки магистрантон дар давраи мазкур 78-85%-ро ташкил медод.

Бояд қайд намуд, ки нақшаҳои инфиродии магистрантон ва докторантон аз оғози соли таҳсили ҷорӣ тартиб дода шуда ба магистрантон дастрас гардонида шуда буд. Дар нимсолаи 2-юм магистрантон аз қисми маълумоти нақшаи мазкур  ба қисми иҷроиши  натиҷаи нимсолаи якуми соли хониш гузашта буданд.

Таҷрибаомӯзиҳо:

Дар баробари оғози машғулиятҳои дарсӣ тибқи фармоиши ректори муассиса аз 27.01.2025 таҳти №01 магистрантони курсҳои якум ва дуюм барои гузаронидани таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ дар донишкада сафарбар гардида буданд. Дар асоси фармоиш таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ аз санаи 27.01.2025 оғоз гардида то санаи 24.02.2025 идома ёфта, магистрантон саривақт таҷрибаомӯзии худро бо роҳбарони илмияшон дар донишкада гузаронида, ҳисоботҳои худро ба унвонии бахши магистратура, аспирантура ва докторантура барои шиносои ва тасдиқ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар асоси фармоиши ректори муассиса аз 27.01.2025 №02, №03 курсҳои якум ва дуюми докторанатони аз рӯйи ихтисос (PhD)-и ихтисосҳои амалкунандаи донишкада ба таҷрибаоимӯзии илмӣ ва илмӣ-педагогӣ сафарбар гардидан. Раванди таҷрибаомӯзӣ дар курси якум 2-ҳафтаи таълимӣ, яъне аз 27.01.2025 оғоз гардида то санаи 10.02.2025 ва дар курси дуюм бошад 4-ҳафтаи таълимиро дар бар мегирифт, ки аз 27.01.2025 оғоз гардида то санаи 24.02.2025 идома ёфт.

Докторантон низ бо муваффақият таҷрибаомӯзиро бо роҳбарони илмияшон, аз ҷумла  д.и.т., профессор Додхудоева Лариса Назаровна, д.и.т., профессор Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич ва д.и.т., профессор Муҳидинов Сайдалӣ  Раҷабович дар муҳлати муқарраргардида гузарониданд.

Дар ин давра магистрантони курси 2-юм бо роҳбарони илмияшон дар назди кафедраҳои тахассусии донишкада бо фармоиши ректори муассиса аз 27.01.2025 №04 барои гузаронидани таҷрибаомӯзии илмӣ таҳқиқотӣ сафарбар гардиданд. Таҷрибаомӯзии мазкур тибқи нақшаи раванди таълим аз 25.02.2025 оғоз гардида то 25.03.2025 идома ёфт. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ магистрантон пурра иштирок намуда таҷрибаомӯзиро бо мувафаққият ҷамъбаст намуда сазовори баҳои муносиб гардиданд. Бояд қайд намуд, ки таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ замина ва шароити хуберо барои машғул гардидан ба корҳои илмӣ-ӣтаҳқиқотӣ, омода намудани мақолаҳои илмӣ ва таҳияи рисолаҳои хатми магистрӣ ба бор овард.

Таъкид намудан ба мавридаст, ки раванди таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар он ҳамарӯза зери назорати ҷиддии бахш қарор дошт.  Магистрантон ва докторантон ҳамарӯза ҳангоми ҳозир шудан ба донишкада барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар дафтари қайди ҳаррӯзаи иштирок ба соядасти худро мегузоштанд, ки ин албатта ба болоравии фоизнокии давомот таъсири худро расонида, давомоти магистрантонро ҳамарӯза то 85-90% таъмин менамуд.

Раванди машғулиятҳо ва санҷишҳои марҳилавии якум ва дуюм: Тавре қаблан иттилоъ дода будем аз итидои соли хониш тамоми силлабусҳои кории аз фанҳои тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон таҳия гардида, тасдиқ карда шуда буданд. Ҷараёни дарсҳо ҳама аз рӯи силлабус ва барномаи корӣ сурат гирифта, ин ҳолат пайваста аз ҷониби бахш, шуъбаи илм, инноватсия ва корҳои эҷодӣ, ҳамзамон масъулини шуъбаи таълим дар муассиса, назорат карда мешуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷадвали СМ-1 дар мувофиқа бо шуъбаи таълим омода карда шуда аз 10.03.2025 тасдиқ гардида буд. Таъкид бояд намуд, ки дар асоси нақшаи раванди таълим, аз 17.03.2025 ҳафтаи рейтингӣ оғоз гардида то 20.03.2025 идома ёфт.

Ҷамъбасти СМ-1 нишон дод, ки дараҷаи донишазхудкунии магистрантони бахш нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2023-2024  ба андозаи 1% боло рафтааст. Барои мисол агар дар ҳамин давраи соли гузашта натиҷаи донишазхудкунии магистрантон 80%-ро ташкил дода буд, пас ин нишондиҳанда дар давраи мазкур ба 81% баробар гаштааст.

Хулоса дар маҷмӯъ 19% (5 н.) бо баҳои аъло,  38% (10 н.) бо баҳои хубу-аъло, 15% (4 н.) бо баҳои хуб, бо баҳои омехта 4% (1 н.) ва 5-нафар 19% бо баҳои ғайриқаноатбахш магистрантон санҷиши марҳилавии якумро саривақт ҷамъбаст намуданд.

Санҷиши марҳилавии 2-юм бошад аз 12.05.2025 оғоз гардида то 17.05.2025 идома ёфт.  Дар мувофиқа бо шуъбаи таълим ҷадвали СМ-2 саривақт омода карда шуда аз 08.05.2025 тасдиқ гардида буд.

Ҷамъбасти СМ-2 нишон дод, ки дараҷаи донишазхудкунии магистрантони бахш нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2023-2024  ба андозаи 7% поён рафтааст. Барои мисол агар дар ҳамин давраи соли гузашта натиҷаи донишазхудкунии магистрантон 84%-ро ташкил дода буд, пас ин нишондиҳанда дар давраи мазкур ба 77% баробар гаштааст.

Санҷиши марҳилавии 2-юмро бошад 23% (6 н.) бо баҳои аъло,  27% (7 н.) бо баҳои хубу-аъло, 23% (6 н.) бо баҳои хуб, бо баҳои омехта 4% (1 н.) ва 6-нафар 23% бо баҳои ғайриқаноатбахш магистрантон саривақт ҷамъбаст намуданд.

Сессияи тобистона: Дар бахш тамоми чораҳои дахлдор ба хотири дар шакли зарури гузаронидани сессияи тобистона андешида шуда, омодагӣ дар сатҳи хуб қарор дошт. Лозим ба ёдоварист, ки ҷадвали имтиҳонҳо дар мувофиқа бо шуъбаи таълим омода карда шуда аз 13.05.2025 тасдиқ гардида буд. Таъкид бояд намуд, ки дар асоси нақшаи раванди таълим, аз 19.05.2025 имтиҳонҳо оғоз гардида то санаи 31.05.2025 даври асосӣ ва аз 2-юм то 10.06.2025 даври такрорӣ дар бахш идома ёфт.

Ҷамъбасти сессияи тобистона нишон дод, ки дараҷаи донишазхудкунии магистрантони бахш нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2023-2024  ба андозаи 4% боло рафтааст. Барои мисол агар дар ҳамин давраи соли гузашта натиҷаи донишазхудкунии магистрантон 96%-ро ташкил дода буд, пас ин нишондиҳанда дар нимсолаи 2-юми соли хониши 2024-2025 ба 100% баробар гаштааст.

Дар маҷмӯъ аз 26 нафар магистрант:  8- нафар 31% бо баҳои аъло,  12 нафар 46% бо баҳои хубу-аъло, 3-нафар 12%бо баҳои хуб ва 3-нафар 12% бо баҳои омехта (5,4,3) сессияи имтиҳонотии тобистонаро пурра ҷамъбаст намуданд.

Ба пеш

Бойгонӣ