Ин шанбею якшанбе зиёда аз 300 нафар кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба фарорасии соли нави таҳсил ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашар баромада, саҳну ҳавлии донишкада ва кӯчаҳои ҳамшафати таълимгоҳ- ба номи Айнӣ, ба номи Лоҳутӣ ва хиёбони Рӯдакиро тозакорӣ намуданд.
Ин ташаббус дар донишкада аз оғози соли таҳсили 2020-2021 оғоз ёфта, қарор аст, ки то рӯзҳои ҷашнгирии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёбад.