Дар толори намоишии ДДСТДТ чун анъанаи ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсисёбии донишкада фестивали мӯди либос таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор гардид. Ба намоиш бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Манучеҳр Шарифзода ифтитоҳ бахшиданд. Дар он донишҷӯён ва магистрантони донишкада коллексияи либосҳои баҳориро , ки дар давраи таҳсил ва тайёрӣ ба хатм омода карда буданд, дар тани духтарону ҷавонписарон мавриди намоиш қарор доданд.
Аз 14 коллексияи пешниҳодшудаи либосҳо дастаи либосҳои муаллифон магистрантон Дилноза Қосимова“Интеграл”, Бежан Нозимов “Ҳамсолон”, Гулнамо Фатҳуллоева “Навои ситор”, донишҷӯён Бибизуҳро Каримзода, “Ангезаҳои шарқӣ”, Паринамоҳ Бибиҳоҷиева “Ориёиям”, Ҳадиса Каримбердиева “Ситораи саҳарӣ”, Нозанин Раҳмонқулова “Маликаи Шарқ”, Муҳаббат Раҳматзода “Муъҷизаофар”, Парвина Неъматова “Рӯзу шаб” ва Рухшона Остонаева “Боре дар Париж” ба табъу завқи тамошобинон бештар писанд омаданд.
Меҳмонони фестивал аз консулу сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон О.Н. Иванов (Белорус), И.Владимирович (Украина), Динеш Бхардваҷ (Ҳиндустон) Эва Тозиеҳ( Франсия), Ҳоҷӣ Иброҳим Эрбир (Оҷонсии туркии ТИКА), С.А. Аннаоразов (Туркманистон), Фарангис Туйғуншоева ва Бина Кутипарамбил (ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ) баъди тамошои намоиш изҳори қаноатмандӣ ва сипос ба роҳбарияти донишкада барои барпо намудани чунин як фестивал намуданд.
Дар охир муаллифони ҳамаи 14 коллексияи дар намоиш пешниҳодшуда аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Фестивали эҷоди донишҷӯёну магистрантон мӯди либоси “Аз Наврӯз то Наврӯз” дар баҳори имсола баъд аз намоиши асарҳои рассомии омӯзгорони донишкада дуюмин намоиши фарҳангист, ки пешкаши тамошобинон гардонида мешавад ва навъе аз имтиҳонест, ки дар он тӯли як сол – аз иди Наврӯз то иди Наврӯз донишҷӯёну магистрантон бурдубохти худро ба тарозуи санҷиш мегузоранд.