Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат,

ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

 

 

 

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон умри дароз, тани сиҳат ва дар касбу коратон барору шодкомикомиҳо таманно дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шароити нави соҳибистиқлолӣ давлати тоҷикон ба марҳалаи нави таърихии инкишоф ворид шуд. Тавлиди қонуни асосии мамлакат омили муҳимии рушду нуму ва устуворию пойдории давлати тозабунёди Тоҷикистон гардид.

Рӯзи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ барои тамоми мардуми мо  санаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ буда, ин ҳуҷҷати муҳим таърихи 30-солаи  аз роҳи қонун пеш рафтани давлати соҳибистиқлоли мо ва сарнавишти имрӯзу фардои онро дар худ таҷассум менамояд.

Эътимоди қавӣ дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.

Ба ҳамаи шумо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод мегӯем!