Имрӯз, 10 ноябри соли 2022 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони “Ташаккул ва рушди соҳаи санъати тасвирӣ дар фаъолияти корҳои илмӣ ва методии дотсенти кафедра Акобиров Сайнурдин” баргузор гардид. Конференсия ба 50 солагии фаъолияти меҳнатии дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров Сайнурдин бахшида шуда буд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада н.и.м., Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушод.
Номзади илмҳои педагогӣ Усмонов С., мудири бахши ҷавонон Саидов Н., сардори шӯъбаи илм Қобилова М., мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ Каримова Г. ва омӯзгор Рақибов М. дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод бо маърӯзаҳо баромад карданд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва нависанда Карим Давлат бо суханҳои табрикотӣ баромад намуданд.
Лаҳзаҳо аз ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомони чавони Донишкада ва рафти конференсия: