конференсия

         Бо ибтикори мудирияти китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон дар қироатхонаи донишкада таҳти унвони “Сулҳ осоиштагии тамоми дунёст” конференсияи назариявӣ баргузор гардид.

Ҳозирин маърӯзаҳои ба мавзӯи сулҳ  бахшидаи мудири китобхона Бека  Ёғибекова “Сулҳ  осоиштагии тамоми дунёст. Афғонистон – имрӯз, дирӯз ва фардои кишвар”, муаллими кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Фирӯз Ҳаитов “Толибон аз суқут то зуҳур”, ва мулоҳизарониҳои донишчӯён Мулоҳусайн Назаров, Руслан Ҳамидов ва Ҳусноро Авазбековаро аз факултети санъати тасвирӣ бомароқ шуниданд.

Фирӯз Ҳаитов ва ҳам Бека Ёғибекова дар маърӯзаҳои худ зикр намуданд, ки сулҳу осоиш барои инсоният беҳтарин неъмат буда, ба қадри он бояд расид. Вале дар ҷомеа ҳастанд онҳое, ки бо рафторҳои ноҷавонмардонаи худ, бо ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ  ин оромию осоиштагиро пушти по мезананд. Дар мисоли давлати Афғонистон собит намуданд, ки бино бар дар маркази қораи Осиё воқеъ гардиданаш ва мақсадҳои нопоки геополитикии абарқудратҳо — ба тасарруф ва итоати худ даровардани мамлакатҳо — беш аз чиҳил сол боз Афғонистон рӯи оромию осудагиро намебинад. Мардуми одии он солҳо ин ҷониб аз қашшоқӣ ранҷ мебарад, хоби оромро намебинад. Нооромӣ дар Афғонистон оромии  ҳамсоякишварҳои ин ҷумҳурӣ ва тамоми минтақаи Осиёи Марказиро зери суол мебарад ва ба сулҳу суботи давлатҳои дигар, аз он ҷумла  Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсоя аст, таъсири манфӣ  мерасонад. Бино бар ин мо бояд шукрона кунем, ки дар як ватани тинҷу обод оромона зиндагӣ дорем.