Ҳамовозӣ ба Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат-  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як нишонаи сулҳу суботи кишвар, ваҳдату якдилии мардуми Тоҷикистонро собит намуда, аз  мақсадҳои дар оянда расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, рушди босуръати саноатикунонии мамлакат, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва бехатарии озуқаворӣ башорат дод. Паёми имсола моро бо мазмуну муҳтавои хеш ба сӯи фардои нек ҳидоят менамояд. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайян гардида, оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, хусусан таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ  сафи донишомӯзони фанҳои адабиёти классикӣ ва муосир, диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Паёми хеш аз дастовардҳои соли равон ва солҳои қаблӣ ёдрас шуда, таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Хушбахтона, дар қатори ҷашни “Наврӯз”, ҳунари “Чакан”, ёдгории таърихии “Саразм”, соли 2021 тарзи сароиши фалак ба руйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардид, ки ин боиси ифтихор аст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садда дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи созанда хизмат кардаанд.

Пешвои миллат, аз давраи аввали истиқлолияти кишварамон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Масъалаҳои асосии низоми имрӯзаи таълимоти Тоҷикистон сифати таълим, дастрасии таълимот ва таълимоти бетанаффус мебошад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми  тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Роҳбари давлат низ хотиррасон карданд, ки дар кишварамон 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо зиёда аз 245 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони касбӣ ва тарбияи кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар эътибори аввалиндараҷа дода шавад, махсусан, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад. Барои рушди илму маориф, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми июли соли 2022 ба андозаи 20 фоиз, маоши кормандони мақомотҳо дар ҳаҷми 25 фоиз, дигар соҳаҳои буҷети ба андозаи 20 фоиз  ва музди миёнаи ҳади ақал ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Албатта, чунин ғамхориҳо барои самаранокии корҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.

Самти дигари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатамон дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, нафақахӯрону маъюбон, пиронсолону бепарасторон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Сатҳи инкишофи ҷомеа, нуфузу мақоми миллату давлат пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд вобастагии калон дорад.

Имрӯз масъалаи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, кӯдакони ятиму бепарастор яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, заиф гаштани таъсири урфу одат ва анъанаҳои инсондӯстонаи аҷдодии мо кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои онҳо аз ҳарвақта зиёдтар ба ҳифзу дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон аз роҳбарии беҳамто ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ ва шукрона карда истода, аз он ифтихор менамоянд, ки дар ҳар як Паёми худ  оид ба беҳтар гардонидани вазъи маъюбон, кӯдакон ва пиронсолони ниёзманд бо вазифагузории мушаххас масъалаҳои зиёд намудани андозаи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиро ба миён мегузоранд. Ҳукумати кишвар барои дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Дар Паём имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ва соҳибкорони бонангу номусаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави  давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла, соҳаи саноат шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 «солҳои саноатикунонии босуръати кишвар» эълон карда шаванд.

Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ барои зинда гардондани ҳунарҳои ниёгонамон ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвари азизамон Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа нақши муҳим дорад.

Мо устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз иқдомоти ҷиддии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи илму фарҳанг роҳандозӣ кардаанд ва ислоҳоту навсозиро босуръат пеш бурда истодаанд, истиқбол мекунем. Паёми тозаироашуда  ба устодону донишҷўёни Донишкада илҳоми тозаи эҷодӣ бахшид ва тасмим гирифтаем, ки  барои тайёр кардани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои: дизайнерӣ, кандакорӣ, заргарӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ,  кулолгарӣ ва рассомӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Субҳон Усмонов,
                                                                                                  Фирӯз Ҳаитов,
устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон