30 марти соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз ва рӯзи таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши мӯди либос таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид.
Намоиш аз ҷониби Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он донишҷӯён ва магистрони донишкада коллексияи либосҳои баҳориро, ки дар идомаи таҳсилу тадрис ва инчунин тайёри ба хатм омода карда буданд, пешкаши тамошобинон намуданд.
Намоиш бо табрикотии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ҳусни оғоз ёфт.
Дар кори намоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо иштирок доштанд.