ДАР ИН ФУРСАТЕ, КИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР БО ФАРОРАСИИ АРӮСИ СОЛ – БАҲОРИ ЗЕБОМАНЗАРУ ДИЛПАЗИР ДАР КИШВАРИ АЗИЗ ДАР ЯК ВАҚТ РОСТ ОМАДААСТ ВА МОДАРУ БАҲОР ҲАРДУ ҲАМ РИСОЛАТИ ЭҲЁГАРИЮ ОФАРАНДАГИРО БАР ДУШ ДОРАНД, ЗАНОН-МОДАРОНИ ДОНИШКАДА ВА ДАР СИМОИ ОНҲО КУЛЛИ БОНУВОНИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИРО БО КАМОЛИ ЭҲТИРОМУ САМИМИЯТИ ТАМОМ БО РӮЗИ ФАРХУНДА ВА ПУРШУКӮҲИ МОДАР МУБОРАКБОД НАМУДА, БА ҲАМАГОН ТАНИ СИҲАТ, РӮЗГОРИ ОСУДА, ХУШБАХТӢ ВА БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ ТАМАННО ДОРАМ.
ОРЗУМАНДАМ, КИ ЗАНИ ТОҶИК БО НАЗОКАТ, НАЗОФАТУ ФАРОСАТ, ИФФАТ, МЕҲРУБОНӢ, ШАРМУ ҲАЁ ВА ҲУСНИ БЕҲАМТОИ ЗОҲИРИЮ БОТИНИИ АЗАЛИАШ ДАР ПОЙДОРИИ ОИЛА ВА ТАРБИЯИ ХУБИ ФАРЗАНДОН РИСОЛАТИ МОДАРИИ ХЕШРО ҲАМЕША САРБАЛАНДОНА БА ҶО ОВАРДА, АБАДАН САЗОВОРИ ҲУРМАТУ ЭҲТИРОМИ АҲЛИ ҶОМЕА ҚАРОР ДОШТА БОШАД.
ИД МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!
Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат,
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон