Имрӯз ҷаласаи якуми Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, масъалаҳо  “Дар бораи тағйиру иловаҳо дар ҳайати Шӯрои олимони донишкада”, “Дар бораи тасдиқи ҷадвали воҳидҳои кории ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати маъмурияти донишкада” ва “Дар бораи ҷамъбасти озмун оид ба ишғоли вазифаҳо”- ро мавриди муҳокима қарор дод.

Тибқи қарори Шӯро ба ҳайати он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Шӯро озмуни ишғоли вазифаҳо дар донишкадаро ҷамъбаст намуда, дар асоси он Эшонқулов  Алишер Эшонқулович —  мудири кафедраи “Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод”, Суюнов Эркин Собирович – мудири кафедраи “Дизайн ва меъморӣ”,  Атоев Фаррух Валиҷонович – мудири кафедраи “Графика ва миниётураи ба номи Фаррух Хоҷаев” интихоб гардиданд.

Шӯро ба номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат унвони илмии профессор-номзади илми кафедраи “Тарҳрезии бадеии либос”, ба Акобиров Сайнуриддин, Миршакар Акмал Миршакарович, Нарзибеков Носирбек Маҳмудбекович унвони илмии дотсент бе доштани унвони илмӣ, инчунин ба муаллимон Меҳриддини Абдусаид, Бойматова Муноҷот, Ёғибекова Бека, Мустафаева Салмаза унвони муаллими калон муқаррар намуд.

Дар Шӯро вазифаҳои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони ДДСТДТ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи 1-сентябр– Рӯзи дониш (дарси сулҳ) ва 9- сентябр – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд.