Дар толори китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну устодон маҳфили илмии донишҷӯён “Дӯстдорони китоб”дар мавзуи «Нақшу нигор дар санъати тасвирӣ” баргузор гардид. Муаллимаи кафедраи санъати ороиши амалӣ ва  монументалӣ Мавҷигул Сатторова дар мавзӯи нақшу нигори миллӣ ва пайдоши он маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки нақши миллӣ дар санъати тасвирӣ  ва ороиши амалии тоҷик хеле серистеъмол буда, бо вуҷуди иншои асарҳои зиёди илмӣ дар ин боб, тадқиқи илмии он ҳанӯз мукаммал нест ва корҳои нави илмиро тақозо дорад.

Дар маҳфил инчунин дигар паҳлуҳои мавзуи мазкур мавриди таҳлил қарор дода шуданд.