ХИЗМАТ БА ВАТАН-ШАРАФИ ИНСОНИСТ
Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси тантанавии бахшида ба гусели 4 нафар хатмкунандагони факултети дизайн, ки бо муваффақият имтиҳони давлатиро супорида, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, намояндаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону кормандон, хатмкунандагони ихтиёрӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро ректори Донишкада- профессор Ғанизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аллакай соли дуюм аст, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкада иддае, ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан мераванд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо менамоянд.
Ҳамзамон ёдовари гардид, ки пас аз адои хизмат ба хатмкунандагони мазкур имтиёзи қабул барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ба тариқи ройгон дода мешавад.
Ректори Донишкада ба ин ҷавонмардон, ки ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд, аз номи раёсат ва устодону кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар хизмати Модар – Ватан муваффақиятҳо таманно намуд.
Нигора Наимҷонзода- намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хуби дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқатро омӯзанд.
Чорабинии мазкур бо ироаи Фармоиши ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар бораи хориҷи хатм ва бо намунаи ҳуҷҷати давлатӣ (диплом) сарфароз гардонидани хатмкунандагони мазкур аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва тақдими маълумотномаҳои хатм анҷом ёфт.
Пас аз гирифтани акси хотиравӣ наваскарон бо тантана ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур роҳсипор гардиданд.