Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза аз ҷумла, ҷангу хунрезӣ дар давлати ба мо ҳамсояи  Афғонистон, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки бетараф набошем. Ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии он саҳмгузор бошем.

Зеро, пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ кардани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Мақсади асосиии онҳо ноором кардани ҷомеа, ҷангу хунрезӣ дар ин ё он кишвар мебошад.     Дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон зиёда аз чил сол боз ҷангу хунрезӣ ва беадолатӣ давом карда истодааст.

Давлатҳои  абарқудрати ҷаҳон  айни замон нисбат ба тақдири Афғонистон бетарафиро  ихтиёр намуда, ба ҳама амалҳои террористии гурӯҳи ифротгарои “Толибон” дар Афғонистон, ки фаъолияташ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мамнӯъ эълон шудааст, хомӯшанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо аст, ки мавқеашро нисбат ба воқеияти кишвари Афғонистон баён намуд ва инак, бори чандум аст, ки аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ карда, ҳатто бархе кишварҳоро ба мавқеи худаш даъват менамояд. Зеро беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Мо боварии комил дорем, ки дар ояндаи наздик мавқеи Тоҷикистонро дигар кишварҳо ҳам ҳимоят мекунанд ва парда аз рӯи чеҳраи аслии Толибон, ки як гурӯҳи террористист, бардошта хоҳад шуд. Онҳо мақсади нопоки худро нисбати мардуми оддӣ раво дида истодаанд. Мардуми оддӣ хусусан занҳо ва кӯдакони онҳо баъди омадани толибон дар шароити бад қарор доранд. Маводи озуқаворӣ намерасад, кӯдакон аз таҳсил дур мондаанд. Аксарияти мардум аз сиёсати Толибон норозӣ буда, майли муҳоҷират ба кишварҳои дигар доранд.

Дар вилояти Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  таъсис шудааст, ки ягона меросбар ва ҳомии ҳуқуқи мардум дар Афғонистон аст. Мо аҳли зиё ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя мебошем.

Субҳон Усмонов, Ф.М Ҳаитов.,

С. Камолов., Х. Ҳамидов ва дигар устодони ДДСТДТ