Бахшида ба 30 — солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон рӯзи 21- уми майи соли 2022 дар намоишгоҳи «Хонаи суратгирон»-и шаҳри Тошканд намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид.
Намоишро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Узбекистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ташкил намуданд.
Дар намоиш 100 адад асарҳои рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Лаҳзаҳо аз рафти намоиш: