Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

Андешаҳо баъд аз Паём

27.03.2020

 Мақсад: Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ

Дар Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, дар мавриди таъмини пешрафти бахшҳои гунонгуни ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи мо вазифаву барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хоса дода, таъкид намуданд, ки соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019-2021 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бино бар ин, бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки нуктаи муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ зарурати рушди деҳоти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи маълумоти нави оморӣ, зиёда аз 73 фоизи аҳолии мамлакатамон сокинони деҳот мебошанд, яъне аз 9,3 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон қариб 7 миллион нафари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ва мушкилоти асосие, ки имрӯз дар деҳоти кишварамон ба назар мерасанд ва рушди онро бозмедоранд, аз нуқтаи назари коршиносон инҳоянд: бекорӣ, роҳҳо, нақлиёт, об, таъмин кардани аҳолӣ бо хонаву ҷой, инфрасохтори деҳот ва ғайра.

Бешубҳа, сатҳи бекорӣ дар деҳот нисбат ба шаҳр хеле  баланд аст. Њарчанд вақтҳои охир дар ҷумҳуриамон соҳибкорӣ дар деҳот дар шакли иҷораи   замин, обчакорӣ, савдо ва косибӣ рӯ ба инкишоф ниҳода бошад ҳам, вале бино бар камдаромад будани онҳо, ба ин кор бештар одамони синну солашон калон, аз ҷумла занон машѓуланд.

Бидуни шубҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пешкаш намудани хизматрасониҳои гуногун метавонанд дар бархе аз деҳаҳои сераҳолӣ ба пастшавии шумораи бекорон мусоидат намоянд.

Албатта, набояд нодида гирифт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар самти сохтмони шоҳроҳҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра зиёда аз 2100 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ сохта ва ё аз нав таъмир гардиданд. Аммо, роҳҳои дохили деҳот ва роҳҳое, ки деҳотро бо маркази вилоят ва ноҳияҳо мепайванданд, аксаран дар ҳолати нохуб қарор доранд.

Дар қишлоқҷойҳо имрӯз хатсайрҳои таксӣ ва автобусҳои мусофирбар вуҷуд надоранд. Вазифаи онҳоро мусофирбарони шахсии маҳаллӣ иҷро мекунанд ва хизматрасониашон  ба оддитарин меъёрҳо ҷавобгӯ намебошад. Вазъи бади роҳҳо ва гарон будани хизматрасонии нақлиётӣ ба кишоварзон, яъне деҳқонон, имкон намедиҳад маҳсулоти дар деҳот парвариш намудаи худро бо нархи дастрас ба сокинони шаҳрҳо пешкаш намоянд.

Тибқи тадқиқоти анҷомдодаи Бонки Ҷаҳонӣ 53% аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ  таъмин нест. Сокинони бисёре аз деҳаҳо оби нӯшокиро аз сарчашмаҳои кушоди ифлос – дарёҳо, каналҳо, ҷӯйҳо истифода мебаранд. Фақат дар баъзе мавзеъҳо одамон оби чоҳи на он қадар чуқур кофташудаи артезианиро истеъмол менамоянд.

Низоми таъмини об ба воситаи лулаҳо (водопровод) дар деҳот вайрон гардида, оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст. Бинобар мунтазам фаъолият накардани стансияҳои обкашӣ заминҳои обёришаванда дар ҳаҷми лозимӣ бо об таъмин карда намешаванд ва дар мавсими тобистон байни сокинони деҳот дар бисёр маврид барои истифодаи оби полезӣ муноқиша ба вуҷуд меояд.

Хотиррасон намудан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бештар аз 120 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзил ҷудо гардидааст, ки ин нишондиҳанда  нисбат ба тамоми давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ду баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, дар деҳоти ҷумҳуриамон сол то сол аз сабаби нарасидани қитъаи замин масъалаи сохтмони манзил мураккабтар гашта истодааст.

Клубу ҳаммом, сатарошхона, чойхона, толори варзишӣ, биноҳо барои ташкилу гузаронидани чорабиниҳо ва ѓайра аз зумраи ҷузъҳои инфрасохтори деҳот ба шумор мераванд, ки мардуми аксарияти деҳот аз хизматрасонии онҳо маҳруманд. Дар фарқ аз шаҳр дар деҳот ҷойҳои махсус-партовгоҳҳо вуҷуд надоранд ва бароварда бурдани партовҳо ба роҳ монда нашудааст. Ҳалли масъалаи ҷамъ намудани лампаҳои каммасрафи корношоям ва безараргардонии он дар деҳоти мамлакат то ҳол муаллақ мондааст.

Албатта, дар муддати ду-се соли эълоншудаи рушди деҳот тамоми ин мушкилотро ҳал намудан имкон надорад. Вале мақсад аз ҷониби мақомоти давлатӣ дастгирӣ ёфтани раванди ташаккули инфрасохтори зарурӣ дар деҳоти Тоҷикистон, муқаррар намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои зиёди ҷамъшуда ва ба таври возеҳ муайян кардани ҳадафҳои оянда мебошад.

Ба ҳамин мазмун Пешвои миллат дар Паёмашон вусъат додани  корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ, бо ҷойи кор таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани аҳолиро низ аз масъулият ва вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо арзёбӣ намуданд.

                                                          Фаттоева Р. А.,

                                                          омӯзгори  ДДСТДТ

Ба қафо

ФЕСТИВАЛИ МУД-2020 «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ»

Ба пеш

Кӯмаки молиявӣ ба донишҷӯёни ятим

Ба пеш

Кӯмаки молиявӣ ба донишҷӯёни ятим

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон