Рӯзи 31.03.18, соати 09:00 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали Наврўзӣ, баргузор гардид. Чорабинии мазкур чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ оғоз шуд. Концерт аз суруду ракс ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва фасли баҳор, ки донишҷўён омода намудааанд, иборат буд. Барномаро сипас фестивали намоиши тамсилаҳои муд, ки аз ҷониби донишҷўёни ихтисоси «Дизайни либос» тарҳрезӣ ва дўхта шудаанд, ҳусн бахшид. Дар Фестивали намоиши либос зиёда аз 30 нафар донишҷўён бо коллексияҳои беҳтарин ва диққатҷалбкунанда (беш аз 90 намунаҳои либос) иштирок намуданд. Дар намоиш 23 коллексияҳои шахсӣ, 3 коллексияҳои гурўҳӣ ва 5 модели «Маликаи Навруз» пешниҳод шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ташкили чунин намоиши ҷолиб, маҳз устодон- тарроҳони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди Маргарита Сотникова, Шоира Эсоналиева, Маҳфуза Алимардонова ва дигарон, саҳми арзанда гузоштанд.
Дар рафти барнома озмунҳои тахассусӣ, ба монанди озмуни расмкашӣ «Баҳори нозанин» таҳти мусиқӣ, ташкил шуда, аз ҷониби жюри баҳогузорӣ шуданд.
Ҳамзамон, намоиши эҷодии устодон ва донишҷўён ва растаҳои тахассусии эҷодии кафедраҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар намоиши мазкур мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ ва ороишӣ – амалӣ, наққошиҳо (кундалҳо), кандакориҳо, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ, маҳсулоти заргарии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ ва маҳсули дастони донишҷўён пешниҳод шудаанд.
images not found