Варзиш

Бозии волейбол миёни кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва иҷрои нишондоди Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2020 оид ба таҳкими сиҳатию саломатӣ ва оммавигардонии варзиш, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи сарварони ҳарду ҷониб (Давлатзода Зулфия Давлат ва Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат) дар толори варзишии донишкада баргузор гардид, ба ҳисоби 2:2 ба таври мусовӣ анҷом ёфт.

Бозӣ аз аввал то охир пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифт.  Дар  оғоз волейболбозони донишкада бартарӣ нишон дода, дар қисми дуюм талошҳои гурӯҳи вазорат ба баробар шудани ҳисоби холҳои ҳарду ҷониб имкон фароҳам овард.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои варзишӣ рӯйи кор омада, тибқи он ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар муассисаҳои зертобеи вазорат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бозиҳои варзишӣ барпо мегарданд.