дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  (07.12.2020-12.12.2020)

Маҳфили “ Забони англисӣ”

Дар доираи «Ҳафтаи забонҳо» рӯзи 08.12.2020  дар кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ “Маҳфили забони англисӣ”  доир гардид.  Маҳфилро ассистенти кафедра Турдиева Маҳина кушода , дар  мавзӯи “Design”  маърӯза намуд.

Сипас, донишҷӯёни курси дуюми дизайни костюм  Фариза Саримсакова ва Сабрина  Сотиболидиева  дар мавзӯи  “Дизайни либос дар Америка ва Британияи Кабир”, Канбина Анастасия дар мавзӯи “Стили Вамп дар либоси занона”,  Маҳина Мақсудова дар мавзӯи “Коко Шанел”,  Некушоев Ҷамолиддин дар мавзӯи “Short information about design” ва Изотова Алсу дар мавзӯи “English is global language”  бо маърӯза  баромад намуданд.

Дар рафти баромаду маърӯзаҳо аз ҷониби иштирокчиён дар робита бо мавзӯъ саволу ҷавоб сурат пазируфт, ки дар маҷмӯъ муҳтавои мавзӯяшон пурра ва мукаммал гардида, нутқи шифоҳии шогирдон низ маълум ва равшан гардид.