Аз дидгоҳи имрӯз мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии
халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат
ва талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ доранд.
Имсол дар Тоҷикистон 16 ноябр бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки он ба таърихии 29-умин солгарди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон алоқаи ногусастанӣ дорад. Ин сана рӯйдоди муҳими фаъолияти давлатдории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад. Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сардори давлат бо мурури солҳо бидуни шубҳа собит кард, ки тамоми равандҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бо ин шахсияти бузург вобастагӣ доранд.
Дар ин қарина метавон бо боварӣ тазаккур дод, ки на ҳар як сиёсатмадор аз санъати давлатдорӣ бархӯрдор аст. Таърихи тулонии инсоният сиёсатмадорони зиёдеро дар ёд дорад, ки бо амри тақдир тоҷи давлат бар сарашон гузошта шуда бошад ҳам, бар асари даст надоштан бар ин санъат натавонистанд аз уҳдаи муттаҳид намудани ҷомеа, идораи кишвар ва ҳифзи пояҳои давлатдориву истиқлолияти он бароянд. Бар ин иллат императориҳои бузург парокандаву давлатҳои муқтадир ба таназзул мувоҷеҳ шудаанд ва ахиран саҳнаи таърихро падруд гуфта, дар таҳхонаҳои хотири он интихоби макон намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин роҳбари давлат интихоб гардид ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифт, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати бӯҳронӣ баровард.
Яке аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати мардум аст. Албатта, дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон бисёр навиштаанд, вале он нуктаро бояд бори дигар таъкид кард, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ дошт. Ӯ аз оғоз то ба анҷом дар ҷараёни гуфтушунидҳо буд, бо аъзои ҳайати коммисияи оштии миллӣ суҳбат мекард, дастуру маслиҳат медод, бо лоиҳаҳои санадҳои таҳияшуда шинос мешуд.
Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳо ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол то сол тавсеа мебахшад.
Алҳол, ба шарофати роҳандозии чунин сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст.
Аз ҷониби дигар, Эмомалии Раҳмон дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар зинаи аввали сиёсати хориҷии кишвар гузошта, тавассути риояи тавозун дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои боз» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат дод. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро ба ҷо меорад.
Миёни мақсаду вазифаҳои зиёд се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷониби Роҳбари давлат-Эмомалӣ Раҳмон мушаххас шуданд, ки барои тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти бузург доштанд. Ба хотири амалӣ кардани ин ҳадафҳо Роҳбари давлат-Эмомалӣ Раҳмон тавассути роҳандозӣ намудани дипломатияи фаъоли иқтисодӣ ва гуфтушунидҳо бо ҳамёрони боэътимоди хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок ва сармояро ҷалб намуд, ки сохтмони неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, НБО-и “Роғун”, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар гувоҳи ин мебошад. Ҳамзамон, тавассути чунин коргирии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, низоми мустақили энергетикии худро ба вуҷуд овард ва таҳкими ин раванд идома дорад. Ҳоло бошад, ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати кишвар роҳандозӣ шуда истодааст, ки дар маҷмуъ ҳама паҳлуҳои давлатдории навини миллии тоҷиконро фарогир мебошад.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, истифодаи ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмини пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худ ҷумҳурӣ баъзе мушкилоте дорад, ки онҳоро тавассути ҷалби маблағгузориҳои бузург ҳал кардан мумкин аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар асоси сиёсати хирадмандонаи худ дар кори ба вуҷуд овардани асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ дод. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти низоми хизмати дипломатӣ қабул гардиданд. Дар баробари ин, шабакаи васеи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ташкил карда шуд, ки барои таъмин намудани робитаҳои доимӣ ва пайгирии рафти иҷрои тавофуқҳо бо кишварҳои дӯсту ҳамёр нақши муҳим мебозанд.
Роҳбари давлат ғамхорию садоқатро нисбати тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ арзонӣ дошта, ҳам тавассути ҳамкориҳо бо кишварҳои иқомати ҳамватанон ва ҳам туфайли Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё, ки раисии онро ба ӯҳда дорад, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ваҳдати тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон таҳким бахшад, то тоҷикону ҳамватанон дар ҳар куҷое, ки набошанд, Тоҷикистонро чун хонаи умеди худ ҳисоб кунанд ва аз рӯҳияи хештаншиносӣ, мадори фарҳангу ҳуввияти миллии худ дур набошанд.
Иқдомоти меҳанпарастона ва ибтикороти миллатдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини иттиҳоди тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон боис шуданд, ки шахсияти ӯ ба ҳайси пешвои тоҷикони ҷаҳон эътирофи комил пайдо намояд. Кӯшишҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст.
Дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд. Ба ин маънӣ Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарваре дар таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешавад, ки дар худшиносиву худогоҳии миллат марҳилаи комилан тозаеро эҷод намуд ва мақоми тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ рифъати воқеӣ бахшид.
Имрӯз тоҷикон ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии сарвари хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда ва дар ҷодаи шинохти оламу оламиён гомҳои устувор ниҳодаанд, дарҳои пӯшида ва марзҳои бастаи худро ба истиқболи дӯстони дерин ва ҳамёрони навин боз кардаанд. Имрӯз тоҷикон бо ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд. Имрӯз овози тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо медиҳанд, иқдомот ва ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон дар доираҳои бонуфуз ва мӯътабари сиёсати ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва таҳсин қарор гирифтааст.
Ин ҳама сарфарозиҳо орзую ормони деринтизори мардуми тоҷик буд, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониён дар тӯли беш аз ҳазор сол онро дар замири қалби худ мепарварид.
Бале, сиёсати хирадмандона ва фарогири Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик ба Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ расидаанд. Инчунин борҳо дар баромадҳои худ қайд мекунанд, ки: “Мардуми тоҷик таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад».
Беҳтарин далели ин рисолат кору пайкорӣ созандаи худи сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон- шахсияти бузурги олами сиёсат аст, ки имрӯз бо бунёди кохи муҳташами Истиқлолият ба сарсабзиву шукуфоии ояндаи Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шуда истодааст.
Шарипов Намозалӣ Ятимович,
ассистенти кафедраи
забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ