Рӯзи 22.11.2019 дар қироатхонаи китобхона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гашт. Дар қироатхонаи китобхона, ки пур аз иштирокчиён буд (66 нафар), бо як самимияти пур аз меҳр инҷо ҷамъ шуда буданд, то дар таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кунанд. Инчунин, роҳбарияти донишкада: муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои таърих Иброҳимов Муродалӣ., муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Бахтиёр, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ.Ч; Сотникова М. И . мудири кафедраи кафедраи тарҳрезии бадеӣ; мудири  китобхона Ёғибекова Б., мудири шуъбаи методӣ Раҳимова Елена; деканат: декани факултаи дизайн Усмонов С.; ҷонишини декан оид ба тарбия Сафарова Зарнигор; сардори шуъбаву бахшҳо: сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус  Давлатзода Гулнора, сардори шуъбаи илм, магистратура, аспирантура ва корҳои эҷодӣ Қобилова М. ,  сардори бахши магистратура  Исупова Р. инчунин, нозири шуъбаи кадр Саидалиев Орзуҷон; омӯзгорон: Акобиров С.,Ҷонбекова Назифа ва инчунин, омӯзгор, китобшинос Саидиён Ҳ. ва меҳмонон аз бахши ноҳияи Шоҳмансури ҲХДТ дар шахсияти Бурҳонзода Муслиҳиддин, Салимов Умедҷон, Исматова Меҳрона ва Турсунова Маъмура иштирок доштанд.  Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б. кушода, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, мухтасар дар бораи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард.

Омӯзгорон:

1.Акобиров Сайиднуриддин-муаллими калони кафедраи Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, Мавзӯъ:”Парчам дар “Шоҳнома”-А. Фирдавсӣ.

2.Усмонов Субҳон-н.и.п., декани факултаи дизайн. Мавзӯъ: “Парчам пояи давлатдорӣ”.

Баъди баромади омӯзгорон муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б. ба 20 нафар донишҷӯёни ДДСТДТ “Ифтихорнома Вазорати корҳои дохилаи ҶТ”-ро супурд. Баъди ифтихорномасупурӣ озмун байни  рассомони факултаи дизайн ва санъати тасвирӣ доир гардид.

Ғолибият насиби донишҷӯйи соли хониши дуюми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси санъати муҷассамавии ороишӣ Абдуллоев Ҳасан гардид. Ба Мардонов Сафаралӣ ҷойи дуюм ва Раҳимов Рамазон ҷойи сеюм насиб гардид. Ғолибон бо туҳфа қадрдонӣ карда шуд.

Мутассифона, дар озмуни рассомӣ аз факултаи дизайн касе иштирок надошт.

Донишҷӯён:

1.Раҷабова Раксана- донишчӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси ороиш ва  расмхои  китоб. Маърӯза ба номи “24 -ноябр Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!”

2.Холова Гулафзо — донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси манзаранависии театрӣ-ороишӣ. Мавзӯъ:”Парчами баландтарин дар ҷаҳон”

3.Эмомов Фахриддин- магистранти соли хониши якуми бахши санъатшиносӣ бо Хоҷаева Дилноза-донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси манзаранависии театрӣ-ороишӣ. Ашъор дар васфи парчам

4.Каримова Фирӯза-донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси сафоли бадеӣ. Шеър бо номи “Парчами миллӣ” аз шоири шинохта Озар

5.Раҳимова Шаҳзода-донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи дизайн, ихтисоси либосу газвор. Шеър аз Назокат Олимзода бо номи “Парчами меҳр”

6.Зокиров Киромиддин бо Шоҳназриева Асрия ашъор дар васфи Парчам.

7.Расулзода Меҳрона- донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси манзаранависии театрӣ-ороишӣ. Шеър аз шоир Давлат Сафар бо номи “Ливои мо”

8.Ғаниева Париноз- донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ, ихтисоси манзаранависии театрӣ-ороишӣ. Шеър аз шоир Равшани Ҳамроҳ бо номи “Парчам” баромад намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Бахтиёр ҳусни анҷом бахшид.

   Тамоми лаҳазоту ҳолатҳои чорабиниро китобдори фонди электронӣ Гулзода Шералии Ғаюриддин аксбардорӣ кард.