Дар толори китобхонаи бинои асосии таълимии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни “Сада”-ро ботантана ҷашн гирифтанд. Донишҷӯёну устодон сараввал маърӯзаҳои мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гумантитарӣ, номзади илмҳои педагогӣ Субҳон Усмонов “Сада”- муждаи баҳор”, дотсенти кафедраи мазкур Сайнуриддин Акобиров “Оид ба таърихи пайдоиши “Сада” ва донишҷӯи соли таҳсили аввали факултети санъатшиносӣ Хурсандой Саидҷонова “То омадани Наврӯз- 50 шабу 50 рӯз”-ро бомароқ шунида, сипас, гуруҳе аз донишҷӯён дар васфи ин иди бошукуҳи бостонии мардуми эроннажод шеърҳо қироат намуданд.

Маърӯзачиён дар баёни вижагиҳои иди “Сада”, зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон бисёр анъанаҳои таърихии фаромӯшшудаи ниёгони мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷашни “Сада”  аз нав зинда мешаванд. “Сада” нахустин муждаи иди Наврӯз буда, аз замонҳои қадим 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мутобиқ ба санаи 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор, аз қабили  Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таърихи беш аз сеҳазорсола доранд.

      Бино бар тадқиқоти олимони тоҷик, таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас шумурдани он мардум барои худ ҷашни “Сада” -ро интихоб карданд, ки он аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2020 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.